Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ МАНСУРИ»

«ТАЪРИХИ МАНСУРИ»

«ТАЪРИХИ МАНСУРИ» (номи пуррааш «Ат-Таърих-ул-«Ман- сури талхис-ул-Кашф в-ал-баён фи хаводис-из-замон»), асари таърихии дабир ва муаррихи араб Мухаммад ибни Алии Хамавист, ки таълифаш апрели 1234 ба анчом расидааст. «Таърихи  Мансури» хулоса (мухтасар)-и асари «Кашф- ул-баён фи хаводис-из-замони»-и  худи уст ва ба Малик Мансури Иброхим (писари хукмрони шахри Химсаи Байнаннахрайн; асри 13) эхдо гардидааст. «Таърихи  Мансури» ба бобхо таксим нашудааст. Он ба тарзи солнома мураттаб гардидааст ва асосан таърихи сулолаи Айюбиёнро, ки асри 13 дар Сурия, Фаластин ва Байнаннахрайн хукмрони кардаанд, дар бар мегиранд. Вале дар мукаддима ва якчанд сахифаи аввали асар ичмолан аз вокеахои таърихии асрхои 7—11 ва 12, таърихи халифахои араб, сулолахои Умавиён, Аббосиён, Фотимиён ва гайра сухан меравад. Дар «Таърихи  Мансури» рочеъ ба таърихи Эрон, Мовароуннахр ва Хуросон низ маълумоти мухтасаре мавчуд буда, дар бораи Сомониён, Газнавиён, Хоразмшохиён, хучуми мугулхо ба Осиёи Миёна, Эрон, Гурчистон, Озарбойчон ва дигар кишвархо маълумоти муфид оварда шудааст. Муаллиф инчунин оид ба олимону нависандагон, шоирони давр, сохтмони макбараю масчидхо, таваккуф намудааст. М. Диловаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.