Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ КИРМОН»

«ТАЪРИХИ КИРМОН»

«ТАЪРИХИ КИРМОН» асари таърихии муаррих ва адиби асрхои 12—13 форс-точик Афзалуддин Абухомид ибни Хомиди Кирмони маъруф ба Афзали Кирмони, ки ходиса ва вокеахои сиёсию таърихии замони хукмронии Салчукиёнро дар бар мегирад. Асар соли 1189 ба забони точики таълиф шуда, аз 5 боб иборат аст. Боби 1 аз таърихи хукмронии Салчукиён дар Кирмон, боби 2 аз лашкаркашихои хоким Гур-Малик Динор ба Кирмон ва зафар ёфтани у, боби 3 аз тасвири мамолики Кирмон ва шархи холу ахлоки хокимони он, боби 4 аз шархи холи вазири донишманду фозил — Кавомуддин ва хонадони у, боби 5 аз тарчумаи холи муаллиф накл мекунад.

Муаллиф зимни баёни вокеахон сиёсию таърихии замонаш, бештар ба панду ахлок пардохта, фикрашро бо шеър чамъбаст мекунад. «Таърихи Кирмон» солхои 1676 ва 1932 дар Техрон нашр шуда, бобхои алохидааш ба забони франсави тарчума гардидааст. «Таърихи Кирмон» барои омухтани таърихи давраи хукмронии Салчукиён сарчашмаи боэътимод мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.