Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ КИПЧОКХОНИ»

«ТАЪРИХИ КИПЧОКХОНИ»

«ТАЪРИХИ КИПЧОКХОНИ» асари муаррих Хочамкулибеки Балхи ибни Кипчокхон, ки ба таърихи умуми оид аст. Кипчокхон солхои 1695—96 дар Хиндустон буд.
Соли 1713 дар Лохур бо хокими махалли Абдуссамадхон каробат пайдо карда, солхои 1719—22 асари худро тахти унвони «Таърихи Кипчокхони» таълиф намуд. Таърихи Кипчокхони» аз мукаддима, 5 боб ва хотима иборат аст. Дар мукаддима муаллиф оид ба бунёди олам хикоёт гирд овардааст. Боби 1 дар бораи пайгамбарони кабл аз Мухаммад, бобхои 2 ва 3 оид ба сулолахои тоисломии Эрон ва хокимони Арабистон, Байнаннахрайн, Мовароуннахр, Юнон, Рим ва Европа, Хиндустону Хитой маълумот додаанд. Боби 4 ба Мухаммад ва хулафои рошидин, 12 имом, Умавиён, Аббосиён, асосгузорони 4 мактаби шариати мусулмони ва боби 5 ба таърихи хукмронии сулолахои исломи, аз чумла Тохириён, Темуриён, Темуриёни Хинд, Сафавиён, Шайбониён ва Аштархониён (Чониён) оиданд. Асар барои тадкики таърихи мамлакатхои Шарк, аз чумла Осиёи Миёна сарчашмаи мухим мебошад. Нусхахои алохидаи «Таърихи Кипчокхони» дар фонди дастнависхои Шуъбаи ленинградии Институти шаркшиносии Академияи Фанхои СССР тахти раками С 433 (572 ад) махфуз аст. А. Чалолов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.