Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ФАРИШТА»

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА»

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА» асари таърихию чугрофии Мухаммадкосим Хиндушохи Астарободии мулаккаб ба Фаришта (асри 17). Дар сарчашмахо бо унвони «Гулшани Иброхими» низ омадааст. Тафсилоти чараёни зиндагии муаллифаш маълум нест. Аз руи баъзе маълумотхо такрибан соли 1552 дар шахри Астаробод (Эрон) таваллуд ёфта, дар овони бачаги бо падараш Гуломалии Хиндушох ба Хиндустон рафтааст. Минбаъд дар дарбори хокимони музофоти гуногуни Хиндустон хизмат карда, соли 1623—24 фавтидааст.
«Таърихи Фаришта»-ро солхои 1606—07 дар Бичопур навиштааст. Маълумоти мухими таърихи ва тасвироти чугрофии шахрхои Хиндро дар асоси мушохидахои худ ва ахбороти муосиронаш додааст. Асар ба таърихи умумии асрхои миёнаи Хиндустон оид буда, аз мукаддима, дувоздах макола ва хотима иборат аст. Дар «Таърихи Фаришта дину оинхои гуногуни хиндувон, чараёни таърихии чоришавии дини ислом дар Хиндустон инъикос ёфтааст. Кисме аз «Таърихи Фаришта ба генеалогияи сулолахои хокимони кишвар бахшида шудааст. «Таърихи Фаришта» оид ба таърихи умуми ва чугрофияи Хиндустони давраи исломи сарчашмаи мухим аст. «Таърихи Фаришта» дар мамлакатхои Шарк хамчун асари барчастаи таърихшиносии асрхои миёнаи форс-точик машхур гашта. Соли 1831 дар Бамбей, 1864—65 дар Лакхнав, 1873—74 дар Канпур чоп шудааст. Ю. С. Малъцев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.