Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ЯМИНИ»

«ТАЪРИХИ ЯМИНИ»

«ТАЪРИХИ ЯМИНИ» асари Абунасри Утби, ки солхои 1020 —21 ба забони араби таълиф шудааст. Ин асар ба Яминуддавла — султон Махмуди Газнави ва падари у Сабуктегин бахшида шудааст ва барои хамин хам «Таърихи Ямини» унвон гирифтааст. Мавзуи асосии «Таърихи Ямини» вокеа ва руйдодхои таърихи давраи Газнавиён аст. Муаллиф номи шохону амирон, муншиён ва чузъиёти хаёти онхоро ба тафсил зикр мекунад, фармону мукотибаи онхоро айнан меорад. Соли 1206 Абушараф Носех ибнни Зафар ибни Саъдулмуншии Чурфудкони «Таърихи Ямини»-ро ба точики тарчума карда, ба он боис бо номи «Хотима» илова намудааст, ки вокеахои солхои 1186—1207-ро дар бар мегирад. Олим ва донишманди фороизабони Хинд Мухаммад Кароматали ибни Хайаталии Дехлави соли 1843, Мавлави Мухаммад Фазл Имоми Хайрободи солхои 1820 —25, Абдулкарими Ахари солхон 1845 —46 «Таърихи Ямини»-ро ба забонн форси-точики тарчума кардаанд. «Таърихи Ямини» барои омухтани таърихи давраи Газнавиён яке аз маъхазхои мухимтарин мебошад. Матни арабии «Таърихи Ямини» соли 1847 дар Дехли, соли 1870 дар Кохира, соли 1883 дар Лохур ва матии форси-точикии он солхои 1855, 1956, 1966 дар Техрон, соли 1900 дар Табрез нашр ва ба забони англиси тарчума шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.