Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАЪМИНОТИ ЭНЕРГИЯИ ЭЛЕКТР

ТАЪМИНОТИ ЭНЕРГИЯИ ЭЛЕКТР

ТАЪМИНОТИ ЭНЕРГИЯИ ЭЛЕКТР, мачмуи чорабинихост, барои бо энергияи электр таъмия намудани истеъмолкунандагони мухталиф (саноат, хочагии кишлок, наклиёт, хочагии шахр ва гайра). Мачмуи иншооти инженериро, ки тавассути он таъминоти энергияи электр амали мегардад, шабакаи таъминоти энергияи электр меноманд. Шабакаи таъминоти энергияи электр асосан манбаъхои энергияи электр (масалан, станцияхои электрии оби, харорати ва атоми), станцияхои электрии фаръии табдили, тачхизот ва иншооти ёрирасони гуногунро дарбар мегирад. Сарфи назар аз он, ки дар аксари мамлакатхои мутаракки принципхои ташкили таъминоти энергияи электр як хеланд, вобаста ба андозахои худуди мамлакат, шароитхои иклими, дарачаи тараккиёти иктисоди ва гайра шабакахои таъминоти энергияи электр хар як мамлакат аз хам фарк доранд.

elektr

Бузургии шиддати системахои таъминоти энергияи электр ба иктидори энергияи электрии интиколшаванда ва масофаи байни манбаю истеъмолкунанда вобаста аст. Дар СССР шкалан зерини шиддатхо кабул шудааст: 6, 10, 20, 35, 110, 150, 220, 330, 500 кВ. Калонтарин корхонахои саноатиро бо анергияи электрии шиддаташ 500 кВ таъмин мекунанд (масалан Заводи алюминийи Точикистон аз хамин кабил корхонахост). Энергшш электрии шиддаташ 110 ва 200 кВ-ро корхонахои саноати ва хочагихои шахр истеъмол мекунанд. Шабакахои манбави ва таксимкунандаи корхонахои миёнаи саноати дар дехот ва шахрхон на онкадар калон энергияи электрии шиддаташ 35 кВ-ро истифода мебаранд. Таъминоти энергияи электр тавре тартиб медиханд, ки манбаи энергияи электри баландшиддат харчи ба истеъмолкунанда наздик бошад ва микдори зинахои коммутасия ва трансформацияи мобайни зиёд набошад. Боэътимодии таъминоти энерг2ияи электр ба боэътимодии истеъмолкунандагон (яъне ба дарачаи талаботи бе шикасту рехт кор кардани онхо) вобаста аст.
А. Мадусмонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …