Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАЦИТ Публий Корнелий

ТАЦИТ Публий Корнелий

tacit

ТАЦИТ Публий (?) Корнелий (Р. Соrnelius Тасitus) (такрибан 58—баъди 117), муаррих, нависанда ва нотики Рим. Аз оилаи ашрофи музофоти Рим. Мансабхои мухими давлати (претор, консул, проконсули Осиё)-ро ишгол кардааст. «Атрикола» (соли таълифаш 97—98), «Германия» (98), «Муколамаи нотикон» (102—107) барин асархо ба калами Тацит тааллук доранд ва онхо таърих, чугрофия этнографияи Рим, Британия ва Германияи кадим ва гайраро дар бар мегиранд. Вале у бо ду асари таърихии «Таърих» (такрибан 105—111) ва «Анналхо» машхур гаштааст, ки онхо таърихи Империяи Римро аз соли 14 то 96 м. тавсиф мекунанд. «Таърих» аз 14 китоб иборат буда, танхо китобхои 1—4 ва кисми аввали китоби 5-ум то замони мо расидаанд. «Анналхо» нотамом монда, танхо 16 китоби он таълиф шудааст. Китобхои 1—4, 12—15 пурра боки мондаанд, китобхои 7—10 бошанд, то замони мо нарасираанд.
Асархо: Сочинение, т. 1—2, М.—Л., 1960.
И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.