Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАВТОЛОГИЯ

ТАВТОЛОГИЯ

ТАВТОЛОГИЯ (юнони tautologia, аз tavto:— хамон ва логос) дар забоншиноси, такрори як ё якчанд калимаи хаммаъноро гуянд, ки ба сухани гунда мазмуни нав илова намекунанд. Тавтология шаклхои гуногун дорад: а) ба тарзи дигар баён кардани фикр — «Нутки муаллиф — сухани (муаллиф аст» (як маъни бо шакли дигар ифода шудааст); б) истифодаи калимахои зиёдати — «Аз хама бехтарияи онхо» («аз хама» зиёдати осмадааст); в) такрори калимахои хамреша дар як ибора ё чумла — «хусусиятхои хос», «Дар асари мазкур чандин сарчашмахо зикр шудаанд»; г) такрори мубтадо дар хабари номи — одам — одам аст, кор кор аст. Дар ду моддаи боло Тавтология хамчун плеомазм (чузъи зиёдати) зухур кардааст. Гохо такрори пурра ё нопурраи калимахо (охиста-охиста, нон-пон ва гайраро) Тавтология мегуянд, ки дуруст нест. Зеро дар ин навъ такрор калимахо нисбат ба шакли танхояшон маъно ва мохияти услубии (нав зохир менамоянд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …