Маълумоти охирин

ТАВОРУД

ТАВОРУД (араби —паёпайомадан, бо хам дар як чо фуруд омадан), дохил шудани маънии шеъри як шоир ба шеъри дигар, тасодуфан кор фармуда шудани айни як мазмун дар ашъори ду шоири мухталиф. Масалан, байтхои зерин аз шоирони гуногун буда, мазмунан яканд:
Дар азал акси маи лаъли ту дар чом афтод,
Ошики сухтадил дар тамаи хом афтод.
(Салмони Совачи).
Акси руи ту чу дар оинаи чом афтод,
Ориф аз хандаи май дар тамаи хом афтод.
(Хофиз).
На хамаи шеър, балки ягон мисраъ ё байти ду шоир ба хам монанд мешавад. Вале на хар як монандии зохири ва таклиду пайравихои бошуурона таворуд буда метавонад.
А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …