Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАВФИК АЛ-ХАКИМ Хусайн

ТАВФИК АЛ-ХАКИМ Хусайн

ТАВФИК АЛ-ХАКИМ Хусайн (Ал-Хаким Хусайн Тавфик; таваллуд 9. 10. 1898, Искандария), нависанда ва ходими чамъиятии араб (Миср), аъзои Академияи забони араби дар Кохира. Аз оилаи хукукшинос. Мактаби олии хукукшиносии Кохираро хатм намуд (1924), дар Париж адабиёту санъати Европаро омухт. Тавфик ал-хаким муаллифи зиёда аз 100 драма, бештар аз 25 повесту роман, 14 мачмуаи хикояю новеллахо ва 10 мачмуаи маколахои илмии публидисти, аз чумла аввалин романи ичтимоию маиши дар адабиёти муосири араб («Бозгашти рух», 1933) ва повести реалистия «Хотирахои муфаттиши деха» (1937) мебошад. У тахти нуфузи М. Метерлинк, Г. Ибсен ва В. Шоу як силсила драммахои романтикию рамзи («Сокинони гор», 1933; «Шахрзод», 1934; «Пигмалион», 1942; «Сафар ба фардо», 1950 ва гайра) офаридааст, ки онхо бо номи «театри интеллектуали» машхуранд. Тавфик ал-хаким тарафдори прнисипхои санъати реалистист. Бисёр хикояхояш — «Тавлиди афкор» (1962), «Шох Эдип» (1967), «Рози дил» (1968), «Хорхои сулх» (1969), «Сиёсати ошик» (1070), «Ба суи хаёти нав» (1975) ва гайра ба забони точики тарчума шудаанд. Лауреати Мукофоти давлатди Миср оид ба адабиёт (1961).

К. Мусофиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.