Маълумоти охирин

ТАВБА

ТАВБА (бозгаштан, ручуъ кардан), дар тасаввуф, зинаи такомули рухиро гуянд, ки зимни он дар хаёти солик тахаввуле ба вучуд омада, ибтидои маърифати тасаввуфи шуруъ шавад. Дар ин мархила солик тасмом мегирад, ки муносибати расмии худро бо шариат катъ намудан ба камолоти маънави бипардозад. Дар шариат тавба бозгаштан аз гунохи каблан содиршуда аст. Дар тасаввуф бошад, солик дар ин маком хаёти худро тагйир дода, рохи маърифати ирфониро пеша мекунад.

tavakkul
Чуллобии Хачвири дар «Кашф-ул- махчуб ли арбоб-ил-кулуб» оварда, ки агар дар шариат касе касди хизмат кунад, бояд аз тахорати зохири (бо об) шуруъ кунад, дар тасаввуф агар касе рохи маърифатро пеш гирад, бояд аз тахорати ботини ё худ тавба шуруъ кунад. Ва фикри мухаккикони тасаввуф анализ зинаи макоми тавба ичобат (ба феъл), зинаи баъди инобат (ба дил) ва зинаи нихои тавба аст. Онхо инчунин тавбаро ба тавбаи ом (умуми) ва хос (хусуси) таксим намудаанд. Тавбаи ом аз гунох баргаштан буда, тавбаи хос аз гафлат бедор шудан ва рохи маърифати ирфониро пеш гирифтан аст.
Тавба яке аз зинахои маърифати ирфони буда, мазмуну маънии илми надорад. М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …