Маълумоти охирин

ТАСНИФ

ТАСНИФ (араби — таълиф кардан, тартиб додан), шакли охангиест дар силсилаи «Шашмаком». Тасниф дар аввали кисми «Мушкилот» (сози) омада, асоси охангии дигар шаклхо (Тарчеъ, Гардун, Мухаммас ва Сакил)-ро ташкил медихад. Яъне дигар шаклхо асоси мавауи худро аз тасниф мегиранд. Тасниф дар хар маком бо номи он илова шуда меояд. Масалан, таснифи Бузрук, таснифи рост, таснифи Наво ва гайра. Тасниф дар маком бо зарби (усули) 2/4 омада, хеле форам садо медихад ва хусусияти рухбаландкуни дорад. Усули тасниф худ шакли «пешрав» дорад (яъне секвенсияхои ба тадрич баланду пастшавандае, ки дар фуроварди хар кадом аз охангхои кутох меояд). Ин секвенсияхо дар тасниф ва дар шаклхои дигар хамаи пардахои танбурро дар бар мегиранд ва аз пасттарин парда сар шуда, охиста- охиста то баландтаринаш мерасанд. Таснифхои Бузрук, Дугох ва Ирок бо диез навохта мешаванд, ки ин ба оханг таровати тозае мебахшад. Дар таснифи Рост «бозгуйхо» хеле кутоханд (4—6 такт), вале дар таснифхои Ндво, Дугох ва Сегох баъд аз чанд хона бозгуи меояд. Яъне микдори боагуйхо аз хонахо нисбатан каманд (17 хона —3 бозгуй, 8 хона — 6 бозгуй, 7 хона—5 бозгуй). Дар таснифи Бузрук микдори хона ва бозгуйхо баробаранд (8 хона —8 бозгуй). Шакли тасниф инчунин дар макомхои озарбойчони ва эрони маъмул аст. Агар тасниф дар «Шашмаком» факат дар кисми «Мушкилот» (сози) ояд дар макомхои озари (мугам) ва эрони бошад, дар кисми овози низ истифода мешавад. Тасниф дар ин макомхо чун сохти оханги дар назар дошта мешавед. Масалан, таснифи Чоргох (Чоргох Тэснифи), таснифи шур (Шур таснифи) ва гайра. И. Рахимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …