Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ПАРТИЯВИ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ПАРТИЯВИ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ПАРТИЯВИ (то 1934— ячейкаи партияви), асоси КПСС. Дар чои кори аъзоёни партия —дар завод, фабрика, совхоз ва дар дигар корхонахо, колхозхо, кисмхои Армияи Совети, муассисахо, мактабхо ва гайра дар сурати мавчуд будани камаш 3 нафар аъзои партия ташкил дода мешавад.
Дар корхона, колхоз, муассисахое, ки шумораи аъзоён ва номзадхо ба аъзоии партия дар онхо аз 50 нафар зиёд аст, дар дохили Ташкилоти ибтидоии партияви дар сех, участка, ферма, бригада, шуъбахо ва гайра ташкилотхои партияви ташкил кардан мумкин аст. Дар баъзе мавридхо дар доираи яктанд корхонаи иттиходияи истехсоли, ки дар худуди як ё якчанд райони як шахр вокеанд, Ташкилоти ибтидоии партияви сохтан мумкин аст. Органи олии Ташкилоти ибтидоии партияви мачлиси партияви мебошад, ки он барои пеш бурдани кори чори ба мухлати 2—3 сол бюрои партияви интихоб мекунанд. Дар Ташкилоти ибтидоии партияви, ки шумораи аъзоёни партия аз 15 нафар аст, котиби ташкилоти партияви ва чонишини вай интихоб карда мешаванд. Интихобот дар ин ташкилотхо хар сол барпо мешаванд. Дар корхона ва муассисахои калоне, ки шумораи аъзоён ва номзадхо ба аъзоии партия аа 300 нафар зиёд мебошад ва дар мавридхои зарури хусусиятхои истехсолот ва парокандагии территориявиро ба назар гирифта дар ташкилотхое, ки шумораи камунистонаш аз 100 нафар зиёд аст (дар колхозу совхозхо дар сурати мавчуд будани 50 нафар аъзоёни партия), комитетхои партияви ташкил карда шуда, ба ташкилотхои партиявии сеххои ин корхонахо ва муаосисахо хукукхои Ташкилоти ибтидоии партияви дода мешаванд. Устави КПСС вазифахои мухими Ташкилоти ибтидоии партиявиро муайян мекунад. Онхо ба партия аъзоёни нав кабул мекунанд; коммунистонро дар рухи садокат ба кори партия, эътикоди идеяви, ахлоки коммунисти ва гайра тарбия мекунанд. Ташкилоти ибтидоии партияви корхонахои саноати, наклиёт, сохтмон, таъминоти моддию техники, савдо, хуроки чамъияти, хизмати коммунали ва маиши, колхозу совхозхо ва дигар корхонахои хочагии кишлок муаосисахои лоихакаши, институтхои тадкикоти илми, мактабхо, муассисахои мадани маърифати ва муоличави хукуки ба кори маъмурият назорат карданро доранд. Ташкилоти ибтидоии партияви вазоратхо, комитетхои давлати ва дигар муассисахои маркази ва махалли, советии хочаги ва идорахои тобеи вазоратхо аз болои кори маъмурият оид ба ичро намудани директивахои партия ва хукумат назорат мекунанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …