Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛКИИ СПОРТ

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛКИИ СПОРТ

varzish

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛКИИ СПОРТ, ташкилоти умумичахони ва регионалии гайрихукуматии байналхалки дар сохаи физкултура, тарбияи чисмони ва спорт. Ташкилотхои спортии милли дар баъзе мавридхо ташкилотхои байналхалки ва баъзан шахсони алохида аъзоёни Ташкилоти байналхалкии спорт ба шумор мераванд. Ташкилоти байналхалкии спорт ба универсали (масалан, Совети байналхалки, тарбияи чисмонию спорт) ва махсус — аз руи намудхои спорт (федерасияхои спортии байналхалкии бокс, волейбол ва гайра), дини (Иттифоки байналхалкии католикии тарбияи чисмони ва спорт) ва гайра чудо мешавад. Ташкилоти байналхалкии спорт вучуд дорад, ки ташкилотхои миллии спортии мамлакатхои сосиалисти (Камитети спортии армияхои ба хам дуст) ё танхо мамлакатхои капиталисти (Совети байналхалкии спорти харби) аъзоёни онанд. Дар Ташкилоти байналхалкии спорт фаъолияти намояндагони ташкилотхои спортии СССР ва дигар мамлакатхои сосиалисти ба демократикунонии харакати байналхалкии спорт — мубориза ба мукобили нажодпарасти ва диокреминасияи сиёси дар спорт, ба хамаи ташкилотхои миллии спорти додани баробархукуки ва гайра равона карда мешаванд.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …