ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛКИИ МАДАДГОРИ МУБОРИЗОНИ РЕВОЛЮЦИЯ (МОПР), дар давлатхои капиталисти Ёрии байналхалкии сурх, ки дар асоси карори Конгресси 4-уми Каминтерн, соли 1922 бо максади химояи мехнаткашон аз террори сафед ва ёри расондан ба курбонихои террор таъсис ёфт; ба махбусону мухочирони сиёси ва оилан онхо, оилаи революционерони кушташуда, сарфи назар аз мансубият ба ягон партия кумаки модди, юридики, маънави мерасонд. Яке аз воситахои татбики сиёсати ягонагии фронти халки ва коргари, тарбияи интернасионалии омма хисоб меёфт. МОПР то соли 1932 70 сексияи миллиро муттахид менамуд, кн такрибан 14 млн аъзо дошт; аз ин 9,7 млн одам аъзои МОПР-и СССР ва ёрии онхо ба фонди мадади курбоншудагони террор аз хама зиёд буд.
Аз авваля Чанги дуюми чахони (1939—45) фаъолияти МОПР дар арсаи байналхалки катъ гардид. Сексияи МОПР дар СССР то соли 1947 вучуд дошт.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …