Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТАШКИЛИ ХАРАКАТИ НАКЛИЁТ

ТАШКИЛИ ХАРАКАТИ НАКЛИЁТ

ТАШКИЛИ ХАРАКАТИ НАКЛИЁТ, ташкили харакати наклиёти автомобили, мачмуи тадбирхоеро гуянд, ки дар роххо бо суръати матлуб харакат кардани воситахои наклиёт ва бехатарии онро таъмин менамояд. Дар Конференсияи ТДМ (Бена, 1968) шартномахои байналхалки — «Конвенсия оид бд харакати наклиёт» ва «Конвенсия дар бораи аломат ва ишоратхои рох» кабул шудаанд, ки дар онхо тачрибахои пешкадами мамлакатхои Европа дар Ташкили илмии наклиёт инъикос ёфтаанд. СССР ин шартномахоро имзо кардааст; дар СССР вазифаи асосии Ташкили илмии наклиёт инхоанд: ба ронандагон ва пиёдагардхо омузонидани коидахои харакат, эътирофи коидахои харакати наклиёт ва хатман риоя намудани он, бехтар намудани шароитхои рох ва такмили воситахою танзими харакати наклиёт. Ба иштироккунандагони харакати наклиёт (ронакдагон, пиёдагардхо, пассажирхо) як катор талабот пешниход мешавад, ки онхо дар коидахои харакати рох ва дигар хуччатхо ифода ёфтаанд.

transport

Масалан, хар шахси 18-сола, ки дар Инспексияи давлатии автомобили (ГАИ) хам назарияви ва хам амали (дар идора кардани воситаи наклиёт) аз санчиш гузаштааст, метавонад ронандан автомобил шавад. Ба гайр аз он, саломатии хар як ронанда бояд талаботи махсуси тиббиро конеъ гардонад. Инкишофи харакати наклиёт, мураккаб шудани вазъи роххо водор мекунад, ки ба пиёдагардхо хам коидахои оддии бехатари омузонда шавад; барои риоя накардани шартхои кабулшудаи харакати наклиёт на факат ронандагон, балки дигар иштирокчиёни харакати наклиёт ба чавобгарии маъмури ва агар он ба окибатхои нохуш ва фалокат оварда расонад ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд. Барои ташкили дурусти харакати наклиёт «Коидахо ва нормахои сохтмон», ки дар асоси онхо шабакаи роххои мамлакат ба лоиха гирифта ва сохта мешаванд, инчунин стандартхои бехатарии автомобилсози ахамияти калон доранд. Онхо тадбирхои зарурии техникиро оид ба бехтар намудани шароитхои рох ва такмили сохти воситахои наклиёт амали мегардонанд. Дурустии воситахои наклиёт дар зери назорати ГАИ мебошад. Ташкили илмии наклиёт дар СССР ба тадкикоти конуниятхои харакати наклиёт вобаста буда, пешомадхои инкишофи наклиёти автомобилиро ба назар мегирад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …