Маълумоти охирин

ТАШБЕХ

ТАШБЕХ (араби — монанд кардан, монанди), яке аз санъатхои бадеи, монанд ё мукоиса кардани чизхо ва холатхо дар асари бадеи. Таркиби ташбех, аз се чузъи асоси иборат аст; мушаббах (монанда, ташбехшаванда); 2) адоти ташбех (ёридихандаи ташбех); 3) мушаббахунбихи (монанд,- ташбехкунанда). Масалан, дар ин байти Рудаки «май» —Монанда, «равон ёкути ноб» ва «баркашида тег пеши офтоб» монанд, «чун» адоти ташбех аст:
Биёр он май, ки пиндори равон ёкути нобасти,
Ва ё чун баркашида тег пеши офтобасти.
Калимахои чун, хамчун монанди, чунонки, гуё ва пасоядахои -осо -осон -ваш вор ва гайра ёридихандаи ташбех меботад. Ташбех хафт навъ дорад: 1) Ташбехи сарех: монанди бо ёрии иборахои «хамчунон аст», «бад-он мемонад» ва гайра таъкид мешавад; 2) Ташбехи киноят: адоти ташбех надорад ва гуянда аз монанда киноятан ба монанд ишорат мекунад;

zabon

3) Ташбехи машрут: монандии чизеро ба чизи дигар ба шарт фарз кардан;
4) Ташбехи чаппа (маъкус) мукоисаи чизхои ба хам зид аст, ки сифати яке ба дигаре дода мешавад; 5) Ташбехи музмар: чизе ба чизе ташбех мешавад, аммо зохиран чунин менамояд, ки максад ташбех не, балки чизи дигар аст, хол он ни хамон ташбех дар назар аст; 6) Ташбехи тасвият: дар мукоиса баъзе аз авсофро бо чизе баробар ва мусови кардан; 7) Ташбехи тафзил: монандаро баъди ташбех аз монанд бартар донистан.
Адабиётшиносони гузашта бехтарин ташбех онро гуфтаанд, ки мушаббах ва мушаббахунбихиро ба якдигар монанд кардан мумкин бошад (масалан, ташбехи шаб ба зулф ё зулф ба шаб). Нокистарин ташбех хаёлист ва онро берун аз мисол тасаввур наметавон кард (ташбехи танураи оташ ба дарёи пур аз мушк ва ё дурахшидани оташро миёни ангишти сиёх ба мавчи зари моеъ ташбех кардан ва гайра). Ташбех яке аз маъмултарин санъатхои бадеи дар адабиёти гузашта ва имрузаи точик ба шумор меравад. Яке аз мухимтарин вазифахои адабию эстетикии ташбех таклили асоси романтикии тасвири бадеист. Х. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …