Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАШАББУСИ БУЗУРГ»

«ТАШАББУСИ БУЗУРГ»

«ТАШАББУСИ БУЗУРГ» (Дар бораи кахрамонии коргарон дар акибгох. Дар хусуси «шанбегихои коммунисти»), номи яке аз маколахои В. И. Ленин (Асархо, чилди 29, соли 437—464), ки ба масъалахои ташаккули муносибатхои нави истехсоли, интизоми нави мехнат дар просеоси сохтмони сосиализм оид аст. Аввалин маротиба июли 1919 дар Москва ба шакли китобчаи алохида нашр тардид. Дар СССР (то 1969) 130 маротиба ба 51 забон ва 38 маротиба дар хорича ба табъ расид. Маколаи мазкур тахлили хаматарафаи шанбегихои коммунисти ва чамъбасти тачрибаи оммаро дар мустахкам гардондани иктисодиёт дар бар мегирад. Дар шанбегихои коммуннсти В. Й. Ленин зухури кахрамонни оммаи мехнаткашро медид, ки ба сохтмони амалии сосиализм шуруъ намуданд. Дар вазъияти харобии хочаги, гуруснаги, пастшавии хосилнокии мехнат шанбегихо ифодаи муносибатхои нави коммунисти ба мехнат буданд.
Ленин дар «Ташаббуси бузург» нишонахои асосии синфхои чамъиятро тавсиф намуда, накши рохбарикунандаи синфи коргарро дар барпо кардани чамъияти нав нишон дод. У таъкид намуд, ки дар байни омма тарбия намудани муносибати нав ба мехнат вазифаи мухими диктатураи пролетариат мебошад ва он яке аз шаклхои муборизаи синфи дар давраи гузариш аз капитализм ба сосиализм аст.
Т. Турсунова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.