Маълумоти охирин

ТАРОНА

ТАРОНА суруд ва охангест дар мусикии халки. Дар гузашта тарона дар вазни рубои 6 шеърхои ба хамин вазн мувофик сароида мешуд, аз асрхои 8—9 ин чониб маълум аст. Хатто бар вазни тарона шоирон касида (чакома) мегуфтанд. Унсурулмаолии Кайковус дар «Кобуснома» чунин гуфтааст: «… аз он чи андар вазнхо, хеч вазне латифтар аз тарона нест». Пас услуби таронахони дар асрхои 10—11 хеле маъмул будааст.
Тарона асосан дар байни мардуми мехнаткаш шухрат дошт; дар доираи мусикии халки чой гирифта, дар тули асрхо такомул ёфт.

nota-2

Бехтарин намунахои тарона дар «Шашмаком» гирд омадаанд. Таронахо одатан дар шуъбаи якуми кисми овозии «Шашмаком» чой гирифта, чун воситаи гузаштан аз як мавзуи асли ба мавзуи аслии дигар хизмат мекунанд. Онхо хамеша бо зарбхои 3/4, 4/4, 3/8, 6/4 ва 13/4 ичро шуда, то 6—7 тарона якбора паси хам меоянд. Ин холат бештар пас аз «Сарахбор», «Талкин» ва «Наср» мушохида мешавад. Матни таронахо бештар аз рубои ва дубайтихои халки гирифта шуданд. Таронахо дар «Дувоздахмаком» низ буданд.
И. Рахимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …