Маълумоти охирин

ТАРМА

ТАРМА, барфи солгашт ё дар муддати зимистон дар кулла ва нишебии куххо чамъшударо гуянд. Бо ягон сабаби табии ё сунъи канда шуда бо шиддат ба поён фаромадани барфи замшударо тармафарои ё кандашавии Тарма мегуянд. Боридани барфи бисёр, пасту баланд шудани харорати хаво, тагйири таркиби механикии барф, заминчунби, садои баланд ва гайра боиси тармафурои мегарданд. Баъзан хачми барфи кучида ба 1,5— 2 млн м3 ва гафсиаш то ба 60 м мерасад. Суръати фуромадани Тарма бахисоби миёна 20—30 м/сон аст. Кувваи зарби он дар 1 м2 ба 60—100 т мерасад.

tarma

Тарма кувваи бузурги харобиовар дорад. Баъзан ба бешахои кухи, дехахо, роххои наклиёт, иншоотхои саноати, комплексхои спорти зарари калон мерасонад. Барои пешгири кардани хавфи Тарма мутахассисон одамонро пешаки аз кучидани Тарма огох мекунанд, ба воситаи таркиш ва тирпаррони Тармаро поён мефуроранд, инчунин як катор корхои инженериро (аз кабили дарахтзор кардани нишебихо, сохтани новаю айвонхои тармагузар ва гайра) анчом медиханд. Тармафарои махсусан дар куххои Алп, Кордильера, Кавкаэ, Осиёи Миёна бештар руй медихад. Дар Точикистон ин гуна ходисахо дар каторкуххои Курама, Зарафшон, Хисору Олой ва куххои Помири Гарби ба амал меоянд.
Н. Дилмуродов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.