Маълумоти охирин

ТАРКИББАНД

ТАРКИББАНД шеърест иборат аз чанд банд, ки ба воситаи байти восила ба хам пайваста мешаванд. Хар банди Таркиббанд шеъри алохида (касида, газал) аст дар мавзуъхои мухталиф. Аз тарчеъбанд бо он фарк мекунад, ки байти восилааш баъди хар банд тагйир меёбад. Масалан як банди Таркиббанд-и Чоми (ки аз 7 банд иборат аст):
То кай замона доги гамам бар чигарнихад.
Ян дог нек ношуда, доге дигар нихад.
Хар дог к-оварад кадарею бехтаре.
Он догро гузораду доги батар нихад.
Зери хазор кухи гамам басту гар дихад,
Дасташ хазор кух гар бар забар нихад.
Бар хони мехмонии у хозир ар шавам,
Пеши ман аз кабоби чигар мохазар нихад.
Сад захри ноб таъбия бошад дар он миён,
Дар коми айши ман ба мисли шакар нихад.
Чун дарнаёяд аз дари эхсосу лутф, кош,
Рахтам аз ин сарочаи хирмон бадар нихад.
Дони, ки чист болиши рохат аз у маро,
Хиште, ки рузи вокиаам зери сар нихад.
Аз бими марг агарчи дилу чон чарохат аст,
Дар вай умедвории сад гуна рохат аст.
Таркиббанд дар адабиёти классикии форс-точик камистеъмол буд. Шоирони имрузаи точик ба ин навъи адаби шеър нагуфтаанд. X. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …