Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИ

ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИ

ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИ, чараёни бомарамест, ки дар инсон муносибатхои эстетикиро нисбат ба вокеият ташаккул медихад. Ин муносибатхо бо пайдоиши чамъияти инсони ба вучуд омада, пайваста бо он инкишоф ёфтаанд ва кисми таркибии фаъолияти маддию маънавии инсон гардидаанд. Тарбияи эстетики дар чамъияти сосиалисти ба манфиати халк комилан мувофик буда, асоси илмию методологии ягона дорад. Тарбияи эстетики як кисми тарбияи коммунисти буда, ба инкишофи хаматарафаи шахсият мусоидат мекунад.

t-estetiki

Он мардумро дар асоси эстетикаи мартхисти-ленини дар рухи идеалхои эстетики ва фахмиши зебоию нафосат тарбия менамояд. Зебони хаёт хам восита ва хам натичаи Тарбияи эстетики мебошад. Вай дар санъат ва адабиёти бадеи тачассум ёфта, бо табиат, фаъолияти чамъиятию мехнатии одамон, маишат ва муносибати байни онхо алокаи зич дорад. Системаи Тарбияи эстетики умуман аз хамаи надидахои эстетикии вокеият истифода мебарад.
Тарбияи санъатдусти кисми мухиими Тарбияи эстетики буда, ба ташакули кобилияту истеъдоди инсон дар сохахои санъати тасвири, мусики, вокали, хореографи, театри ва гайра таъсири калон мерасонад. Дар просесси сохтмони чамъияти коммунисти сахми тарбияи эстетики дар ташаккули маданияти маънавии одам меафзояд. Дар чамъияти сосиализми мутаракки мехнаткашон на танхо сохиби сарвати эстетики, балки офарандагони ин сарват низ мебошанд.
Ба тарбияи эстетикии халк иттифокхои интеллигенсияи эчодкор — нависандагон, рассомон, бастакорон, кинематографистхо, инчунин хонахои ходимони санъат, адибон, журналистон ва гайра сахми арзанда мегузоранд. Ба ин кор чамъйятхои театри, чамъйяти мухофизати едгорихой таърихи ва мадани, чамъияти мухофизати табиат, хонахои эчодиёти халк (нигаред Хонаи эчодиёти халк), клубхо, университетхои халки, китобхонахо, дастахои хаваскорони санъат ва гайра кумак мерасонанд. Телевизион, радио, нашрияхо, ки оммаро бо асархои баландмазмуни адабиёт ва санъат шинос мекунанд, воситахои оммавии Тарбияи эстетики мебошанд. Танкиди адаби ва санъат ба амикии завки эстетики ва дарки зебои мусоидат мекунад. Дар мактабхои маълумоти умуми, омузишгоххои касбхои техники ва омузишгоххои таълимии миёнаи махсус Тарбияи эстетики кисми программаи таълимию тарбияви мебошад. Дар инкишофи кобилияти эчоди ва истеъдоди бачагон дар сохаи адабиёт, мусики, суруд, хореография, театр, санъати тасвири ва гайра сахми муассисахои берун азмактаби калон аст. Масъалахои Тарбияи эстетикии бачагон дар институтхои тадкикоти илмии Академияи Илмхои СССР ва Вазорати маорифи халки Республикахои иттифоки тадкик мешаванд. Дар хайати Академияи Илмхои Педагогии СССР Институти махсуси тадкикоти илмии тарбияи санъатдусти вучуд дорад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …