Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРБЕДА

ТАРБЕДА

ТАРБЕДА, як навъ хуроки чорвост, ки дар шароити герагетики (хавоногузар) аз алафи пажмурда ё нимхушк (намиаш 50—55%) бо рохи консервони тайёр кунанд. Ашёи хоми Тарбеда алафзорхои табии ва кишта (лубиёихои пеш аз гулкуни даравшуда ва гиёххои хушадори нав хушабаста) мебошад. Алафхои лубиёиро барои тез пажмурда шуданашон пахн мекунанд. Алафхои нимхушкро дар комбайнхои алафгундору резагар ва силосгундор майда мокунанд.

gov-chorvo

Тарбедаро дар манорахои филизи ва охану бетонии хавоногузар ва инчунин дар манорахои силосхобонии хиштию бетони ё хандакхои бетонкори нигох медоранд. Дар манорахои баландиашон 16—18 м ва зиёда аз он тарбеда худ аз худ зер мехурад. Дар манорахои нисбатан паст тарбедаро бо шиббакубак, дар хандакхо бошад, бо тракторхои тасмачарх зер мекунанд. Хуроки чорво дар мухлати хушк, ки садди афзоиши фаъоли бактерияхо ва хавогузарию магорбанди мегардад, консервонида мешавад. 100 кг тарбедаи себарга кариб 35—40 вохиди хуроки буда, 4—5 кг протегини хозим, 450—460 г калсий, 200—220 г фосфор, 3000—4000 мг каротин дорад. Тарбеда дар пояи хуроки гов силос на хасбеда ё хошокро пурра иваз карда метавонад.
А. Мадаминов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.