Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАНТАЛ

ТАНТАЛ

tantal

ТАНТАЛ (лотини Таntalum), Та, элемети химиявиест аз гурухи V системаи даврии Менделеев; раками атоми 73, массаи атоми 180, 948. Ду изотопи табии — изотопи собити Та (99,99%), изотопи радиоактиви Та (0,012%: Т!/2 = 10 сол) дорад. Аз изотопхои сунъиаш 182Та (Т1/2—115,1 шаборуз) чун индикатори радиоактиви истифода мешавад. Танталро соли 1802 химики швед А. Г. Экеберг кашф кардааст. Тантали холисро аввалин бор (1903) химики немис Болтон хосил намуд. 2,5-10-4%-и масоаи кишри замин аз Тантал иборат аст. Алхол 17 минерали Тантал ва зиёда аз 60 минералхои Танталдор маълуманд. Тантал дар минералхояш аксар бо ниобий якчоя вомехурад. Тантали холис металли хокистарранги пластикист; b гудозиш 2996°С; t чушиш 5300°С; зичиаш 16600 ктДм3 (20°С).

Тантал дар шароити мукаррари чандон фаъол нест. Тантали холис дар хаво устувор буда, факат дар харорати 280°С ба оксид шудан сар мекунад. Вай якто оксиди (Та2О5) собит дорад. Бо гидроген (дар харорати 250°С) махлули сахт, бо нитроген (дар харорати ЗОО°С) махлули сахт ва нитридхо (Та2N ва ТаN), бо галогенхо (дар харорати 250°С) галогенидхо хосил мекунад. Хангоми гармкардан бо С, В, Si, Р, Sе, Те. Н20, СО, С02  N0, НС1. Н2S ба реаксия модарояд.

Тантал ба таъсири бисёр кислотахои органики ва гаириорганики (HNO3, HС1, Н2CO4, НСIOз, шахшароб ва гайра) тобовар аст. Тантал дар электротехника, саноати химия, энергетикаи ядрои, металлургия ва тиб истифода мешавад. Аз Тантали холис конденсаторхои электри. кисмхои лампахои электрони, зарфхои лаборатори ва гайра месозанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …