Маълумоти охирин

ТАНОФУР

ТАНОФУР (араби — нафрат кардан, аз якдигар дури чустан), танофури куруф, иллатишеърро гуянд, ки дар натичаи пай дар хам омадани овозхо (харфхо)-и махрачашон ба хам наздик ба вучуд меояд. Талаффузи ин овозхо душвор аст ва ба гуш сахт мерасад. Мувофики гуфтаи Родуёни танофур ду хел мешавад: овози (танофури хуруф) ва маънави. Дар танофури овози ба сабаби аз якдигар дур будани харфхо ба забон овардани байт мушкил аст.

sher
Масалан:
Ба курби кабри гарибон гузар куни, чи шавад?
Ин навъ танофурро муалллимон барои рост кардани забон (талаффуз)-и кудакон истифода мебаранд.
Навъи дигари танофур, ба акидаи Родуёни, ба робитаи маънавии мисраъ ва байтхо алокаманд аст, яъне маънии байтхо ё мисраъхо аз якдигар дур меафтанд. Ин ходиса дар як мисраъ хам вокеъ мешавад:
Чу нуши сабухи, зи мо ёд кун!
Аксар адибон аз таносуби байни овоз ва матлаб, мавзуъ, гоя мохирона истифода карда, шеърхои дилкашу форам гуфтаанд. Аз ин шеъри Машучехри тавассути овозхои «х» ва «з» кас овози хазовро мешунавад:
Хезеду хаз оред, ки хангоми хазон аст,
Боди хунук аз чониби Хоразм вазон аст.
Он барги равон бин, ки бар он шохи разон аст,
Гуё ба масал пирахани рангразон аст.
Дехкон ба тааччуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману бог на гул монду на гулзор.
Р. Мусулмонкулов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …