Маълумоти охирин

ТАНК

ТАНК (англиси (tаnк — цистерна, зарф), мошини чангии зирехпушест, ки бо ёрии тасмачарх харакат мекунад. Лоихахои аввалини чунин мошинро (дертар онро Танк номиданд) дар Россия (1911—15) инженерони рус В. Д. Менделеев, А. А. Пороховщиков ва А. Васильев, дар Англия (1912) Де-Моль, дар Австро Венгрия (1913) Г. Бурштьн пешниход кардаанд. Англисхо тирамохи 1916 чандин танк («Марка-1») сохта, онхоро 15 сентябр аввалнн бор дар мухорибаи назди дарёи Сомма истифода бурданд. Франсавихо танкхои хурд «Шнейдер» ва «Сен-Шамон»-ро аввалин бор 16 апрели 1917 ба кор бурданд. Намунахои аввалини танкхои немисхо (А — 7 — V ва А -7 — VV) соли 1918 пайдо шуданд. Дар охири Чанги якуми чахон дар ШМА танкхои вазнини англисии “Марка –V” ва “Марка VШ” (бо мухаррики америкои) ва танкхои франсавии “Рено” бароварда шуданд. Аввалин танки совети (бо номи «Муборизи рохи озоди рафик Ленин») 31 августи 1920 аз санчиш гузашт. Аз соли 1928 истехсоли танкхои сабуки МС-1 ба рох монда шуд. Солхои Чанги дуюми чахон (1939—45) асосан танкхои вазнашон миёна сохта шуданд. Ахамияти танкхои вазнинафзуда, ахамияти танкхои сабук кам шуд ва сохтани онхо дар баъзе мамлакатхо (СССР, Германия) катъ гардид. Солхои чанг дар заминаи танк дастгоххои худгарди артиллери (САУ) ба вучуд омаданд.

tank
Кисмхои асосии танкхои замонави инхоанд: корпуси зирехпуш, гунбад, комплекси яроку аслиха (аслихаи асоси ва ёрирасон, комплекти тиру дору), асообу афзори мушохидаву нишонгири, дастгохи кувва (мотор), тахвили кувваги (траномиссия), кисми гашт, чихози электри, василахои алока, тачхизоти зиддисухтор, системаи химоя аз яроки атоми ва ГАЙРА. Корпус ва гунбади танк хамаи чузъхои онро муттахид мекунанд ва барои аз зарбахо эмин доштани экипаж, асбобу анчом ва сузишвори пешбини шудаанд. Дар гунбад аслихаи асосии танк чойгир карда мешавад. Гунбадхоро бо харакатовардхои дасти, электри ё электрогидравлики тоб додан мумкин аст. Корпус ва гунбадро аз пулоди лигеронидашуда тайёр мекунанд.
Танкхои хозиразамон экипажи 3—4 нафара, тупи калибраш 105—152 миллиметри ва 36—48 т вазн дошта бо суръати 41—64 км/соат харакат мекунанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …