Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАМХИДОТ»

«ТАМХИДОТ»

«ТАМХИДОТ» асари Айнулкузоти Хамадонист, ки соли 1128 ба забони форси-точики таълиф шудааст. «Тамхидот» аз 10 фасл иборат буда, масъалахои мухталифи фалсафи ва ирфониро дар бар мегирад. Асар дар бораи назарияи маърифат, валифахои солик барои дарёфти хакикат. мохияти ахкоми дин, тарикат ва гайра бахс мекунад.
Айнулкузот дар «Тамхидот» дузаху бихиштро тасаввуроти гайривокеи дониста нигоштааст, ки онро барои фиреби нодони бофта баровардаанд.
У хусусан чазои чисмониро, ки хомиёни дини ислом хамеша талкин менамуданд, бехуда мешуморад ва онро бо суханони зерини Ибни Сино рад мекунад: «… анбиё оммаи мардумро ба мужда ва савоб ва инзор ва окибат ё ташвик ва тахдид умедвор кардаанд. Аз тарафи дигар гунахкоронро бар хилофи ваъдахои лазаатбахш ба оташи чаханнам ва мор ва занчир ва замхарир тахдид кардаанд… Ба назари ман ки шарх барои рад бар назари онон, ки ба маъоди чисмони ё… рухони коиланд, кофи мебошад». Дигар аз масъалахои мухиме, ки «Тамхидот» дар бар мегирад, хакикат ва холати ишки ирфонист. Айнулкузот дар асари пардаи ишки илохи фарзу суннатхои исломи рошидинро як су гузошта, зинахои маърифати зехниро рохи ягонаи хусули максад — як шудан ба мабдаъ мешуморад. Бинобар ин, у на намозу руза, балки ишки ирфониро фарзи асоси мешуморад. Ин назария асоси илми надошта бошад хам, мохиятан ба мукобили афкору ахкоми дини ислом нигаронида шуда буд ва барои ба вучуд омадани назарияи маърифати ирфони, хусусан равшан намудани масъалахои кашфу шухуд дар асрхои миёна заминаи мухиме ба шумор мерафт.
Адабиёт:
И. Умаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.