Маълумоти охирин

ТАХОРИСТОН

ТАХОРИСТОН   яке аз вилоятхои таърихие, ки дар собик сарзамини Бохтари Кадим дар байни куххоихои Помир, дарёхои Мургобу Харируд ва куххои Хиндукушу Хисор (дар худуди хозираи чануби Точикистон вилояти Сурхондарёи РСС Узбакистон ва шимоли Афгонистон) вокеъ гардида буд. Тахористон номи худро аз номи кабилаи бодиянишини тахориён гирифтааст, ки дар асри 2 то мелод  ба Осиёи Миёна хучум оварда, давлати Юнонии Бохтарро сарнагун карда буданд. Дар сарчашмахои хаттии фоси-точики ва араби истилохи «Тахористон» аз асри 5 то асри 13 истифода шудааст. Маъхазхои хитои ин истиилохро Тухоло ном бурдаанд. Дар асрхои 1—4 мелоди Тахористон кисми таркибии давлати Кушониён гардид. Дар асри 5 давлати Кушониён аз тарафи Хайтолиён сарнагун карда шуда, Тахористон то асри 6 дар хайати империяи Хайтолиён монд. Дар асри 7 империяи Хайтолиён бархам хурда, Тахористон ба тасарруфи Хоконии турк афтод. Тахористон ба Хайтолиёлу Хоконин турк тобеъ шуда ба онхо андоз медод, онхо бошанд ба чараёни зиндагии ин мардум он кадар мудохила намекарданд. Туркхо дар байни ахолии мукими ин сарзамин кам буданд. Ахолии махалли асосан халкхои эронинажод буд. Дар ахди Хайтолиён ва туркхо дар Тахористон муносибатхои нави чамъияти-феодали авч гирифт ва якчанд давлатчахои алохидаи феодали ташкил ёфтанд. Мувофики маълумоти сайёхи хитои Сюан- Цзан дар аввали асри 7 дар Тахористон микдори ин давлатчахо ба 27 расида буд. Чугрофидону муаррихони арабизабони асрхои 7—9 дар Тахористон якчанд давлатчаро номбар мекунанд:Балх, Тирмиз. Чагониён, Ахорун, Шуман, Кабодиён, Вахш, Вашгирд, Рашт, Хуталон, Бадахшон, Кумод, Шикинон ва Вахон. Шумораи онхо дар хар як давра хар хел буд. Хокимони давлатчахо сохибихтиёр буда, «шох» ва «худот» барин унвонхои махсус доштанд. Хар яке аз онхо ба номи худ пул сикка мезад ва дастаи хурди харби дошт. Асоси кушуни онхоро саворагон (аз чумлаи ашроф ва кисман аскарони кироя) ташкил медоданд. Аслихаи кушун аз тиру камон, шофу шамшер, найзаву соскан ва гурзу табарзин барин ярокхо иборат буданд. Шохони давлатчахои номбурда зуд-зуд бо хам низоъ мекарданд. Баъзе аз онхо дар давраи истилои араб кувваи арабхоро бар зидди душмани худ истифода мебурданд. Адоват ва набудани ягонаги дар байни хокимон ба халкхои Осиёи Миёна имкон надоданд, ки дар муборизаи зиддн истилогарони араб муттахид шаванд. Яке аз сабабхои асосии аз тарафи арабхо дар нимаи якуми асри 8 забт шудани Тахористон, ва дигар нохияхои Мовароуннахр низ хамин буд. Тахористон  асрхои 9—12 ба хайати давлатхои Тохириён, Саффориён, Сомониён ва Гуриён дохил буд, аввали асри 13            онро мугулхо забт карданд. Аз хамин вакт сар карда истилохи «Тахористон» хамчун номи музофот аз байн рафт. Маъхазхои хатти ва бозёфтхои археологи шаходат медиханд, ки Тахористон яке аз кадимтарин нохияхои зироат, чорводори ва тамаддун будааст. Дехкони асосан аз кишти оби иборат буда, дар доманакуххо лалмикори низ вучуд доштааст. Богдори, токпарвари, сабзавоткори ва полиз хам ривоч дошт. Шароити мусоиди географи, фаровонии об ва чарогоххои беканори Тахористон боиси инкишофи чорводори гардида буд.

toharistan-map-660x330

Тахористон аз сарватхои табиат бой буд. Мувофики маълумоти чугрофидонхои асрхои 9—10 Истахри, Ибни Русто ва муаллифи «Худуд-ул-олам» дар Вахон ва Хуталон тилло ва нукра истихроч мекардаанд. Дар натичан тадкикоти геологию археологии дар худуди Вилояти Автономии Бадахшони Кухи гузаронидашуда зиёда аз 78 чои кону маъдангудозии асримиёнаги муайян гардид. Дар хочагии Тахористон хунарманди ва савдо низ чои махсусро ишгол менамуданд. Яке аз кадимтарин ва маъмултарин сохахои хунарманди кулоли буд. Дар шахру дехоти Тахористон дуконхои охангари низ зиёд буданд, ки ахли хунар олоти мехнат, асбоби рузгор, ярокхои чанги ва хар гуна асбоби ороиш тайёр мекарданд. Хангоми хафриёт дар Тирмиз махаллаи махсуси охангарони асрхои 10—11 ёфт шуд, ки дар он кариб 100 устохонаи охангари, заргари ва гайра вокеъ будааст.

Дар Тахористон бофандаги касби хеле кадима ва анъанави буд. Матоъхои рангорангу нафиси пахтаги, пашми ва абрешимии Тахористон берун аз он хам шухрати зиёд доштанд. Дар Тахористон заргари, шишасози, чармгари, сангтароши, кандакори ва гайра ривоч ёфта буд.

Инкишофи хунарманди аз кишоварзи чудошавиро тезонд. Истехсоли мол дар асрхои 10—11 боиси ба марказхои хунарманди ва савдо табдил ёфтани шахрхо гардид. Дар баъзе шахрхо якчанд бозор бино ёфта, аз шахру дехоти атроф ва мамлакатхои дигар бахри савдо меомаданд. Тахористон бо бодиянишинони Хитой, Хиндустон, Эрон, Рум, баъзе князихои давлати Руси Кадим, Миср ва дигар мамлакатхои Шарки Наздик ва Миёна алокаи савдо дошт. Бисёр роххои тичоратии байни гарб ва шарк аз шахрхои Тахористон мегузашт. Дар кади роххо корвонсаройхо буданд. Мувофики маълумоти Ибни Хавкал дар асрхои 9—10 дар Мовароуннахр 10 хазор работ будааст.

Дар натичаи тадкикоти шаркшиносони совети муайян гардид. ки миёнаи хазораи 1 то мелод ва миёнаи хазораи 1 мелоди дар ин чойхо сохти гуломдйри хукмрон будааст. Аз асри 5            сар карда дар Тахористон муносибатхои феодали инкишоф ёфтаанд.

Истилои араб ба хаёти ичтимоии Тахористон тагирот дароварда бошад хам ба инкишофи муносибатхон Феодали таъсири калон мерасонид, Бо омадани арабхо тафрикаи табакахои чамъият тез шуда, шумораи табахои мутеи ахоли афзуд. Дар муборизаи дурударози зидди истилогарон, хатто як кисми дехконон низ макоми иктисодии худро аз даст дода, ба тоифаи тобеъ мубаддал мешуданд. Кисми дигарашон ба тарафи арабхо гузашта, пештара барин чун табакаи хукмрони Тахористон мондан гирифтанд. Баъди истилои араб аз таркиби синфхои хукмрони Тахористон кохинон бархам хурданд, зеро онхо намояндагони дину мазхаби зидднисломи буда, арабхо онхоро саросар кир карданд. Ба чои онхо рухониёни мусулмон пандо шуданд, ки дар асрхои 10—12 яке аз табакахои асосии синфи хукмрони Тахористонро ташкил медоданд. Дар ин асрхо дар натичаи авчгирии иктою илчадори заминхо ба дасти феодалон гузаштанд. Заминдории калони феодали ба амал омада, чамъият ба ду синфи антагонисти — феодалон ва дехконони побанд чудо шуд. Муносибатхои феодали дар хаёти чамъияти пурра галаба кард.

‘Го вактхои охир мо дар бораи забони мардумони Тахористон чизе намедонистем. Аз руи катибаи танга ва дигар ашёи маданияти модди маълум буд, ки забони тахористонихо аз гурухи забонхои эронист.

Мувофики маълумоти баъзе манбаъхои хатти ва бозёфтхои археологи мардуми Тахористон бомаърифат буданд ва то истидои араб дар сохахои гуногуни илм комёби ва асархои илми доштаанд. Тадкикотчиён мукаррар намудаанд, ки дар давраи Юнонию Бохтар дар Бохтар баробари хисоби дахи хисоби бистиро хам кор мефармудаанд. Махз дар хамин давра муначчимони махалли номхои сайёрахои асоси ва баъзе бурчхои фалакро сарех кардаанд. Онхо дар айни хол физик, математик, файласуф хам будаанд. Мардуми Тахористон дар сохаи кимиё дониши хуб доштаанд.

Аввалин зухуроти эчоди адабии мардуми Тахористон достонхои кахрамонию асотирии онхост. Инкишофи таърихии халк ба воситаи офаридахои бадеъ инъикос меёфт, бо хамин рох дар бораи баходурону пахлавонони Бохтару Сугду Хоразм — Рустам, Сиёвуш, Барзу ва гайра силсилаи ривоятхо пайдо мешуданд. Хамаи ин ривоятхо сонитар барои «Шохнома»-и Фирдавси маъхази асоси гардиданд. Тавассути муборизаи озодихохии зидди истилогарони араб адабиёти Тахористон ва дигар нохияхои ин аз нав баркарору мукаммал гардида, орзуву хаваси мардумро пурратар инъикос менамуд. Охири асри 8 ва аввали асри 9 дар байни ахли хиради Тахористон шуубия пайдо шуд. Ахли ин равия маданияти кадима ва бои махалллро ба тамаддуни соддаву оддии тоисломии арабхо киёс намуда, бо хамин рох орзуву омоли ба озодидоштаи халкро ифода менамуданд. Яке аз намояндагони машхури ин равия Башшор ибни Бурдии Тахористони буд. Аз охири асри 8 ва аввали асри 9 адабиёти бадеии Тахористон ба забоин дари инкишоф ёфтан гирифт.

Тавассути хафриёти археологии солхон охир масолехи бинокори, тарзи сохтмон ва санъати ороиши Тахористон низ равшан шуда истодааст. Хафриёти як катор ёдгорихои кадима шаходат медиханд, ки меъморони Тахористон хангоми бунёди иморатхо аз хишти хом ва похса истифода мебурданд. Аз хишт девор ва сакфи гунбазшакл месохтаанд. Баъзан аз хишт фарш мегустурдаанд. Девори калъахо асосан аз похса бардошта мешуд. Усули муштараки деворсози (як радда хишт, як радда похса) хам вучуд дошт. Аз хишти хому похса бинохои бузург хам месохтанд, ки чандин дар хонаву хучрахо доштанд. Зимнан, ин гуна бинохо дуошёна ва хатто сеошёна мешуданд. Ошёнахо пагнахо доштанд. Дар иншооти меъмории Тахористон чуб барои болор, сутункашонхо, дару дарича ва корхои ороиш истифода мешуд. Сангро факат дар тахкурси мечидаанд. Дар махалхон кухистон аз санг девор бардошта хона месохтанд. Аз санг тахсутуну боша, тахтасангхои рукаш, накшу ороишоти гуногун низ метарошиданд. То давраи ислом дар сохтмон хишти пухта хеле кам истифода мешуд. Аз асрхои 9—10 сар карда аз хишти пухта каср, макбара, масчид ва баъзе иморатхои чамъияти месохтаги шуданд. Дар пардозу ороиш гачро ба кор мебурданд. ‘Гарзи равок, гунбаз, ошёну пагнасози, аз санъати баланди меъморони Тахористон дарак медихад. Маълум мешавад, ки тахористониён баробари донистани усулхои гуногуну ачиби меъмори (хиштчини ва тархбанди) бо илмхои хандаси хам нагз шинос будаанд. Иморатхои давраи тоисломии Тахористон гафс, вазнинбом, мустахкаму бошукух будаанд. Бинохоро бо накшунигор ва хайкалхо оро медоданд. Бо мурури инкишофи муносибатхон феодали ба чои бинохои азим (гайр аз масчид, мадраса, макбара) бинохои хурду сабуки синчдор месохтаги шуданд. Бо вучуди баъзе тагйирот анъанаи санъати меъмории тоисломии тахористониён бархам нахурд ва баръакс асоси инкишофи минбаъдаи санъати меъмори гардид. Бинобар ин асоси санъати меъмории точикон шугли меъмории чандинасраи тахористониёну сугдиёни кадима мебошад.

Меъморони Тахористон накшунигори меъмориро дар суручтахта, сафол, санг, чуб ва гил мекашиданд. Баъди истилои араб ва маъмул шудани хишти пухта дар санъати меъмори накшунигори хишти хам ривоч ёфт. Яке аз кадимтарин осори меъморие, ки накшунигори хиштин дошта, то рузхои мо расидааст, макбараи Аламбардор (дар наздикии шахри Каркии РСС Туркманистон) мебошад. Вай

дар аввали асри 11 сохта шуда, ба макбараи Исмоили Сомони хело шабохат дорад.

Соли 1933 дар Айритом санги тарошндашудаеро ёфтанд, ки намунаи ороиши меъмории асри 1 мебошад. Хафриёти археологии дар вайронахои маъбади буддои Тирмизи Кадим, димнахои Балаликтеппа, Холчаён, Ачинатепна ва Кофиркалъа (водии Вахш) ва гайра гузаронидашуда, асархои баландмазмуну зебошакли санъати тасвирии тоисломии Тахористонро ошкор намуданд. Хангоми хафриёт як силсила хайкалхои Буддо, хайкалу хайкалчахои хайвону инсон ва дигар осори маданияту рузгор ёфт шуданд. Намунахои ачоиби саиъати хайкалтароши ва наккоши инчунин аз харобахои Дилварзин теппа, Зартеппа ва Каротеппа, Сурхкутал ва Шахри Бону (Афгонистони Шимоли) ва аз якчанд харобахои дигари сарзамини Бохтар — Тахористон хам пайдо гардиданд. Барои тахияи хайкалхо дар баробари гил, инчунин санг ва гачу филизот низ кор мефармудаанд. Накшунигори Дайри Тирмизи Кадим аз намунахои санъати наккошии даврахои охири атика мебошад. Баъзе намунахои накшунигори асри 6 Тахористон солхои 1950—55 аснои кофтукови хароботи калъаи Балаликтеппа ба даст омадаанд. Кашфиёти археологи далолат менамояд, ки Тахористон санъати ба худ хос, анъанахои бои бадеи ва равияву мактабхои хос доштааст.

Адабиёт: Бартольд В. В., Тохаристон, Сочинение, том 3, М., 1865; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и среднвеековая история, Москва, 1972; Джалилов А., Из истории културной жизни предков таджикского народа и таджиков в раннем средневековье, Душанбе, 1973.

А. Чалилов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …