Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАХОРИЁН

ТАХОРИЁН

ТАХОРИЁН (дар манбаъхои юнони, араби— тохар, хинди — тукхара, хитои — тухуло, тибети — тхогар), 1) яке аз халкхои хиндуевропои, ки дар ахди кадим дар Туркистони Шарки мезист. Тахориён дар Осиёи Миёна солхои 140—129 то мелод пайдо шуда, якчоя бо баъзе кабилахои эронии шарки соли 130 то мелод Подшохии Юнонии Бохтарро торумор карданд. Соли 128 то мелод ба Порт хучум овардаанд, вале шикаст хурданд. Асрхои 2—1 то мелод тахориён дар Бохтар дар 5 мулк зиндаги мекарданд. Такрибан охирхои асри 1 то мелод— асри 1 мелоди тахориён дар зери хокимияти пешвоёни яке аз мулкхо — Кушон муттахид гашта, давлати Кушониёнро ташкил доданд. Аз хамон вакт тахориёнро бисёр вакт Кушониён меномиданд. Номи баъзе хокимони ин подшохи масалан, Кадфизи I ва Кадфизи II, Канишка маълум аст. Тахориён ба забони гурухи эрони (эронии шарки) харф мезаданд. Алифбои онхо дар асоси хати юнони буд. Забони тахориён то охири хазораи I вучуд дошт. Бино ба акидаи як гурух олимон тахориён халкхои тахчоии Осиёи Миёна буда, аз шимолу шаркии Осиёи Миёна ба Бохтар рафтаанд. Вале аксарияти мухаккикон бо йучихо айният доштани тахориёнро таъкид менамоянд; онхоро гунахо аз Туркистоии Шаркй ба Осиёи Миёна (такрибан 165—140 то м.) танг карда баровардаанд. Яучихои ба Осиёи Миёна омада йучихои бузург ва йучихои дар Туркистони Шарки маскуншуда «йучихои хурд» ном доштанд. Баъзан тахмин меравад, ки йучихо ачдоди тахориён буданд ва дар Осиёи Миёна забони эрониро аз худ намудаанд. Бино ба фарзияи дигар тахориён — йучихо як шохаи халкияти эронинажод — массагетхо будаанд. Гайр аз ин бо массагетхо айният доштани ачдодони тахорихоро низ тахмин мекунанд, ки онхо инчунин як халки алохида (бо халкхои дар боло номбурда алокае надоранд) буда метавонанд.

2) Номи шартии ачдоди тахорихо, ки бо забонхои махсуси хиндуевропои гап мезаданд. Аз мавчудияти ин халк осори хаттии будои (асрхои 6— 7 мелоди), ки охири асри 19—аввали асри 20 дар Туркистони Шарки ёфт шудааст, шаходат медихад Ачдоди тахориён даставвал дар Европаи Шарки, зохиран, дар нохияи назди бахри Сиёх (хазораи 3—2 то мелод) зиндаги мекардаанд. То миёнахои хазораи 1 то мелод онхо аллакай маскуни Осиёи Маркази буданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …