Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАБАРОВ Нур

ТАБАРОВ Нур

tabarov-nur

ТАБАРОВ Нур (таваллуд 15. 7. 1941, дехаи Гешии раёни Орчоникидзеобод), нависанда ва журналисти советии точик. Аз оилаи зиёи. Аъзои КПСС аз соли 1969. Университети Давлатии Точикистон (1962) ва Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии КПСС-рохатм кард (1976). Ходим ва чонишини мухаррири газетаи «Комсомоли Точикистон» (1962— б8), мухбири газетаи «Комсомолская правда» дар Точикистон («1970—72), мухаррири газетаи «Комсомолец Таджикистана» (1972—74), мудири шуъбаи газетаи «Коммунист Таджикистана» (1976), мудири шуъбаи пропаганда ва агитаcияи Комитети партиявии шахри Душанбе (1976— 79), мухаррири газетаи «Точикистони Совети» (1979—86) буд. Аз сентиябри 1986 мудири шуъбаи маданияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон. Ду мачмуаи хикояву очеркхояш: «Роххои дуру наздик»(1977) ва «Ин бахор чи меорад?»(1983) чоп шуд. Табаров муаллифи драмахои «Шикори ачдахо» (бо хамкории С. Юрев), «Парвози вопасин», «Кафшхои Абулкосим» (бо хамкории Т. Ахмадхонов) ва Дар чорсу». Лауреати Мукофоти Иттифоки Журналистони Точикистон ба номи А. Лохути (1981). Аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Точикистон аз соли 1981. Депутати Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон (даъватхои9—10). Узви Иттифоки Нависандагони СССР аз соли 1983.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.