Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАБАКОТИ НОСИРИ»

«ТАБАКОТИ НОСИРИ»

«ТАБАКОТИ НОСИРИ» асари таърихии адиб ва муаррихи асрхои 12—13 форс-точик Абуумар Минхочуддин Усмон ибни Мухаммад Сирочуддини Чузчони, ки соли 1260 ба забони точики таълиф кардааст. «Табакоти Носири» ба яке аз подшохони Хиндустон Носируддин Махмудшох (хукмрони 1246—65) бахшида шудааст. Асар аз 23 боб (табака) иборат буда, мавзуи асосии он таърихи умумии олам аст. Боби якум ба таърихи пайгамбарон, боби дуйюм ба таърихи чор халифаи араб, боби сеюм ба таърихи сулолаи Умавиён, боби чорум ба таърихи сулолаи Аббосиён, боби панчум ба таърихи шохони кадими форс, боби шашум ба таърихи шохони Яман, боби хафтум ба таърихи сулолаи Тохириён, боби хаштум ба таърихи сулолаи Саффориён, боби нухум ба таърихи сулолаи Сомониён, бобхои дахум — сездахум ба таърихи хонадонхои Дайламиён, Сабуктегинихо, Салчукиён ва Санчарихо, боби чордахум ба таърихи шохони Нимрузу Систон, боби понздахум ба таърихи хокимови курд, боби шонздахум ба таърихи сулолаи Хоразмшохиён, боби хабдахум ба таърихи хонадони Шансабонихо ва шохони Гур, бобхои хаждахум — бистум ба таърихи хонадонхои Шансабонихои Тахористону Газна, Муиззихои Хиндустон, бобхои бистуякуму бистудуюм ба таърихи хонадонхои Шамсихои Хиндустон. волихои султонхои Шамси, боби бистусеюм ба хучуми мугулхо оиданд. Чузчони, ки дар давраи хучуми мугулхо зиндаги мекард, дар бораи хамлаи мугул ба Эрон ва хонхои мугул то ахди Халоку маълумоти муфассал медихад. «Табакоти Носири» солхои 1864 дар Калкатта, 1049—53 дар Лохур, 1963—64 дар Кобул нашр шуд. Ба забонхои англисию руси тарчума шудааст. У.Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.