Маълумоти охирин
Главная / Илм / Шуриши халк «Ника»

Шуриши халк «Ника»

«Ника» (Nika), шуриши халкист, ки 11—17 январи 532 дар пойтахти Византия — Кустантания руй додааст. Аз нидои шуришгарон «Ника!» («Зафар намо») ном гирифтааст. Ба мукобили андозхо ва чабру ситами хокимон, сиёсати динии император Юстиниан, ки ахли бидъат ва бутпарастонро тахкир мекард, нигаронида шуда буд; дар шуриш монофисхо (тарафдорони таълимоти динию сиёси) мавкеи калон доштанд. Косибону хунармандон, точирони хурд, камбагалони Кустантания муттахид шу­да, ба муассисахои хукумати хучум карданд ва шахрро оташ заданд. Юс­тиниан дар каср дар мухосира монд.

Амалдорони олиро аз кор озод кард, вале ин шуришгаронро конеъ нагардонд. Император барои фирор тайёри дид. Баъзе сенаторхо ба шууриш хамрох шуданд. Иштирокчиёни «Ника» Ипатийро император эълон карданд. Вале дере нагузашта шу­риш ба манфиати ашрофон тахдид кард: халк руихати карздоронро нест ва хавлихои боёнро хароб месохт. Ин ба хукумат имкон дод, ки дар байни шуришгарон низоъ андозад. Хукуматдорор ба кисми рохбарони шуриш ришва дода онхоро ба тарафи худ кашиданд. Юстиниан бо ёраи дастахои зархарди готхо ва герулхо шуришро пахш кард. Такрибан 35 хазор кас кушта шуд; Ипатий ва бародарош ба катл расида, бисёр сенаторхо бадарга шуданд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …