Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Сулолаи САФФОРИЁН

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эрони (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон аз арабхо роли калон бозида, давлати Саффориёнро ташкил карданд. Асосгузораш дехконбачахои систони Яъкуб ибни Лайс ва баро- даронаш Амр, Тохир ва Али. Яъкуб дар шахри Заранча чанд вакт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола аз хамин чост. Бародароваш дар хизмати кушуни хилофат буданд. Баъди даъват шуданаш Яъкуб низ дар хизмати харби шухрат пайдо карда, сардори харби ва сохибмулки махаллиро аз амал дур кард ва соли 861 амири Систон шуд. У ба дастгирии сипохиёни худ такя карда, аз итоати халифа сар кашид ва то соли 873 тамоми Эрони Чануби ва Шарки, кисман территорияи Афгонистони хозираро забт кард. Соли 875 ба мукобили халифаи Багдод лашкар кашид, вале дар мухориба шикаст хурда, кисми зиёди мулкашро аз даст дод ва соли 879 вафот кард. Баъди вафоти у бародараш Амр (879—900) худро волии халифа эълон намуда, кушиш кард, ки мулкхои Исмоили Сомониро зери даст кунад, вале ин кор ба у муяссар нашуд ва соли 902 ба катл расид. Мулкхои Саффориён байни солхои 900 ва 908 ба давлати Сомониён хамрох шуд. Саффориён чун вассалхои Сомониён дар Систон то ибтидои асри 14 дар сарчашмахо ба назар расанд хам онхо мавкеи намоёни сиёси надоштанд. Н. Неъматов.

Дар борамон

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …