Маълумоти охирин

Соломея Нерис

Нерис (тахалл.; фам. Бачинскайте-Бучене) Соломея (17. 11. 1904, дехаи Киршяи хозира, райони Вилкавишка — 7. 7. 1945, Москва), шоираи советии литвони, Шоираи Халкии РСС Лит. (1945, баъди вафот). Аз оилаи дехкон. Соли 1928 Университети Каунасро хатм кардааст. Асархояш аз соли 1923 нашр шудаанд.

Нерис муаллифи мачм. шеърхоя «Сахарии барвакт» (1927), «Изхои руи рег» (1931), «Аз руи яхи ноустувор» (1935), ва дигар шеъру достонхост. Соли 1940 Нерис достони «Эгле — маликаи морхо»-ро, ки дар асоси ривоятхои халки эчод кардааст, ба табъ расонд. Баъди баркарор шудани Хокимияти Совети дар Литва (соли 1940) Нерис аъзои комиссияи мухтори Сейми халкии республикаи Литва, соли 1941 депутати Совети Олии СССР интихоб мешавад. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) дар Пенза, Уфа, Москва мезист. Достонхои «Рохи болшевик», «Чор кас», мачм. шеърхои «Дар асри хуштаки тирхо» (1943, ба забони руси), «Дило, хаётро васф кун!» (1943), «Кишвари ман» (1946, ба забони руси; Мукофоти давлатии СССР, 1947) ба муборизаи мехнаткашони Литва ба­рои хокимияти Совети ва сохтмони Хаёти нав бахшида шудаанд Бо ордени Чанги ватани (дарачаи 1) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …