Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Шоири хинду Нанак

Шоири хинду Нанак

Нанак (15.04.1469, Талванди, нохияи Шекхупураи Панчоб — 22.  09. 1539, Картарпур), шоири хинду, таргиботчи ва идеологи сикхизм. Аз оилаи точир. Ба забони панчоби эчод кардааст. Нанак ягонагиву муттахидии дини, баробарии ичтимои ва табакави, баробарии занону мардон, такомули рухи, даст кашидан аз чихатхои маросимии динхои мавчударо таргиб намуда, пайравонаш — сикххоро ба зиндагии фаъолонаи дуняви даъват мекард. Дар чамоаи у пайравон катъан тобеи устод (гуру) буданд. Намояндагони табака- хои боло ва поёни чамъият, мусулмонон, аксаран точирон, дехконон— чатхо аъзои чомеа буданд. Дар ашъораш вазни шеъри хинди ва форсиро истифода кардааст. 974 асари Нанак ба китоои мукаддаси сикххо «Адигрантх» дохил гардидаанд. Асархои асосии Нанак «Парастиш», «Суруди умед», «Дувоздах мох» мебошанд.

Ад.: Гуру Нанак. К 500-летию со дня рождения поэта и гуманиста Индии, М., 1972.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …