Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шохии ТОНГА

Шохии ТОНГА

ТОНГА (Тоngа), Шохии Тонга, давлатест дар чанубу гарби укёнуси Ором, дар галачазираи Тонга. Масохаташ 699 км2. Ахолиаш 101,2 хазор нафар (1983); асосан полинезихо — тонгаихо. Забони расми — тонгаи ва англиси. Динашон асосан протестанти; католикон ва насрониён низ хастанд. Пойтахт ва бандари асосиаш Нукуалофа. Тонга ба Иттиходи Британия дохил аст. Сардори давлат—шох, органи конунбарор — Ассамблея.
Тонга аз ду силсилаи чазирахо (гарби — чазирахои вулкони, шарки — чазирахои марчони) иборат аст. Иклимаш тропикии бахрист. Харорати миёнаи мохона 20—26 С. Боришоти солона 2000 мм. Бешазори сернами тропики дорад.

tonga
Аввалин давлати полинезихо такрибан асри 10 ба вучуд омадааст. Асри 17 чазирахоро европоиён кашф карданд. Солхои 1900—70 Тонга протекторати Англия буд. 4 июни 1970 Тонга давлати мустакил эълон шуд. Аз соли 1975 бо СССР алокаи дипломати дорад.
Асоси иктисодиёти Тонга хочагии кишлок аст. Зироати экспортиаш: норчил, банан, растанихои цитруси. Барои истеъмоли ахоли батат, маниок, ямс, таро мекоранд. Асосан гов, хук, буз мепарваранд. Мургпарвари ва мохигири ривоч ёфтааст. Ба хорича магзи норчил, копра, банан, мевахои цитруси мебарорад. Шарикони асосии тичоратиаш; Зеландияи Нав, Австралия, Британияи Кабир. Вохиди пул — паанга.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …