Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Шохии Порт

Шохии Порт

ПОРТ, шохии Порт, давлате, ки такрибан  соли 250 то мелод дар Чануб ва чанубу шарки бахри Хазар, баъди суст шудани империяи Селевкиён ва ба Порт за­да даромадани кабилахои бодиянишини сакоии парнхо асос ёфта, то солхои 20 асри 3 вучуд дошт. Вилояти Порт аз асри 7 то мелод хамчун сарзами­не, ки дар шарки бахри Хазар вокеъ буд, маълум аст. Портхо ба модихо наздик буда, забонашон ба гурухи за­бонхои аронии гарби мансуб буд. Порт якчанд муддат ба хайати Мод, дертар ба давлати Хахоманишиён дохил мешуд. Дар аввали хукмронии Дорои I дар Порт шуриши калон cap зад. Портро Искандари Макдуни низ ба империяи худ хамрох кард. Соли 209 то мелод Антиохи Ш. Портро ба империяи Селевкиён тобеъ намуд. Дар миёнаи асри 3 то мелод Порт мисли як катор вилоятхои дигари шохии Порт аз хайати империяи Селевкиён баромад. Дар ин давра дар даштхои Наздикаспий ва нохияхои атрофи он иттиходияи кабилахои кучманчии даххо ташкил ёфт ва рохбари он Аршак соли 247 то мелод худро шох эълон кард. Солхои 30 асри 3 то мелод даххо Портро забт намуда, шохи он Андрагорро куштанд. Баъди забти Порт даххо дар ин сарзамин маскан гирифтанд, бо ахолии махалли омехта шуда, дину забони онхоро кабул карданд ва дар ин чо пойтахти ав­валини худ Гекатомпилро бунёд намуданд. Аз хамин сабаб давлати ташкилкардан даххо коми Портро гирифт. Аввалхо ба хайати Порт танхо вилояти Порт ва сарзаминхои ат­рофи он (чануби шарки бахри Хазар) дохил мешуданд. Портихо барои мустахкам намудани сархади худ дар Гарб бо империяи Селевкиён, дар Шарк бо Юнону Бохтар мубориза мебурданд. Митридати I такрибан солхои 170— 188/137 то мелод сатрапияхои шаркии Селевкиён — Мод, кисми зиёди Байнаниахрайн, Элимаида, Форс ва кисми шохии Юнону Бохтарро забт кард (136 то мелод). Вале дар натичаи шуришхои шахрхои юнонии Байнаннахрайн харакати забткоронаи Порт боздошта шуд. Аз ниман дуюми асри 2 то мелод хучуми кучманчиён аз Шарк ба Порт пурзур шуд. Дар муборизаи зидди кучманчиён ду нафар шохи портихо халок гардиданд. Селевкиён дар Гарб барои баргардонидани вилоятхои Эрон мекушиданд. Дар асри 1 то мелод Порт дар ахди Митридати II аз нав давлати тавоно гардид. Территорияи он аз Фурот то Мар­гиёну Арахосия ва хатто Хиндустони Гарбиро дар бар мегирифт. Шохони Порт ба сархади гарби диккати махсус медоданд ва пойтахти худро аввал ба Экбатана (Хамадон), баъдтар ба Ктесифон (Тайсафун) кучонданд.

port

Ибтидои асри 1 то мелод портихо бори на­хуст бо римиён ракобат карданд (то ин вакт римиён дар Шарк ракиби баробари худро надоштанд ва аввалхо ба Порт диккати махсус надоданд). Соли 92 то мелод давлатхои Рим ва Порт шартнома бастанд, ин мувофики он сархади байни онхо дарёи Фурот муайян карда шуд. Дар ахди шохи Порт Ороди II армияи Рим ба Байнаннахрайн зада даромад. Римиён соли 53 то мелод дар мухорибаи Карра шикасти сахт хурда, аз максади забти вилоятхои Порт даст кашиданд. Дар Осиёи Гарби системаи «дуализми сиёси», яъне хукмронии ду кувваи сиёси — Рим ва Порт чори шуд. Муборизаи байни Рим ва Порт асосан барои сарзамини Арманистон ва Байнаннахрайни Шимоли давом мекард. Портихо солхои 40—39 то мелод кариб тамоми Сурия ва кисми зиёди Осиёи Хурдро забт намуданд. Римиён солхои 39—38 ин территорияхоро аз нав ба худ тобеъ намуданд.

Ибтидои асри 3 мелод ба мукобили Порт вилояти Форс барои мустакилият мубориза бурд. Соли 224 мелод дар задухурди байни Ардашери Сосони ва шохи Порт Артабони V, ки дар хамвории Хурмуздахана ба вукуъ омад, портихо торумор карда шуданд. Баъди ин мухориба агарчанде писари Артабони V — Артабоз барои хокимият муддате мубориза бурд, шохии Порт таназзул ёфта бархам хурд.

Сохти сиёсии Порт мураккаб буд. Дар сари давлат шох меистод. Хокимияти вай мероси набуд. Уро ашроф аз байни авлоди Ашкониён (ниг. Ашкониёни Порт) интихоб мекарданд. Дар Порт ашроф роли багоят калонро мебозиданд. Давлат ба сат­рапияхо таксим мешуд. Ба хайати он хафдах шохии ниммустакил, инчунин ба сифати вохиди махсуси маъмури полисхои Юнон ва шахрхои мустакили Бобул дохил буданд. Хамаи ин мулкхо ва шахрхо маркази ошубхо ба шумор мерафтанд.

Ахолии полисхои юнони бисёртар дар замони чангхои портихову римиён шуриш бардошта, ба тарафи римиён мегузаштанд. Шохони Порт баъди пахш кардани шуриши зиддипорти дар Солевкия (соли 43 то мелод) мухторияти полисхои юнониро бар­хам доданд, вале аз ухдаи то охир тобеъ кардани хамаи мулкхо набаромаданд. Вилоятхои Маргиён, Сакистон (Систон), Гургон, Элимаида, Форс, Харокан тобеи Порт ба хисоб раванд хам, дар амал мустакил бу­данд. Кувват гирифтани шохии ниммустакили Форс ба пароканда шудани Порт оварда расонд.

Таркиби ичтимоии Порт хеле гуногун буд, ки он то хол дар илм пурра аник карда нашудааст. Порт ба ду кисми аз чихати иктисодию ичтимои ва мадани мухталиф — вилоятхои Эрон Ва Байнаннахрайн таксим мешуд. Ихтилофи онхо асосан дар мубориза барои тахти шохи зохир мегардид. Як гурухи довталабони тахти шох ба ашрофи вилояти Эрон ва кучмавчиёни Осиёи Миёна, гурухи дигарашон ба шахрхои юно­нии Байнаннахрайн ва римиён такя менамуданд.

Дар вилоятхои шарки хочагии кишлок хеле инкишоф ёфта, кисми асосии ахолиро дехконони озод, аъзоёни чамоан дехот ташкил мекарданд. Аъзои чамоа замини худро танхо бо розигии хамсоян худ фурухта метавонист. Дертар дехконон ба ашроф — «озодхо» ва феодалон тобеъ гаштанд. Гуломдори дар мамлакат суст ривоч ёфта, танхо дар вилоятхои гарби (Бобулистон, Байнаннахрайн, Элимаида) роли калон мебозид. Маълумоти архиви аз Нисо ёфташуда дар бораи васеъ пахн шудани андози натурали ва пули, инчунин тараккиёти хочагии кишлок дар Порт шаходат ме­диханд. Дехконон гайр аз дехкони инчунин ба токпарвари машгул мешуданд. Хунарманди ба дарачаи баланд ривоч ёфта буд. Колинхои Порт ва маснуоти фулузии Маргиён дар Шарк шухрат доштапд. Аз худуди Порт Рохи бузурги абрешим мегузашт. Точирони Порт ба Рим пуст, матоъ, охан ва махсусан абрешим мебурданд. Онхо бо Хитой, Палми­ра, Арманистон, Миср ва Фаластин низ савдо мекарданд. Ба воситаи роххои хушкигард ва бахри савдо бо Хиндустон хело васеъ ба рох монда шуда буд. Аз Гарб махсулоти хунарманди, аз чумла шиша меоварданд.

Маданият дар Порт шакли муаёяне надошт. Дар асрхои аввали мавчудияти давлат маданияти эллинии шахрхои юнони ва ахолии мадалли аз хам чудо инкишоф меёфтанд. Аз миёнаи асри 1 мелод cap карда омезиши ин ду маданият cap шуд, ки он ба ташаккули якчанд намудхои санъати Порту Юнон оварда расонд. Дар ибтидо санъати Порт хамчун яке аз шохахои маданияти эллини ба шумор мерафт. Минбаъд унсурхои санъ­ати эллини кисман аз байн рафта, кисман аз тарафи ахолии махалли такмил дода шуд. Маъбадхои кисми шаркии Порт ба оташкада монанд буданд (маъбади Тахти Чамшед, асри 3 то мелод). Дар атрофи касри маркази бинохои гуногуни айвондор месохтанд. Дар катори асархои пластикии эллини, дар кисми шаркии Порт мучассамахои махаллии хурди гулдор (дар бинохои Нисо), пластикаи хурд (дар Маргиён) маъмул буданд. Дар Ниппура маъбадхои типи бобулистони сохта мешуданд; таъсири типи юнонию римиро дар маъбад­хои Хатра мушохида кардан мумкин аст.

Дар Порт дини ягонаи давлати низ набуд. Ахоли ба худоёни махалли, юнони, эрони, байнаннахрайни ва гайра. ибодат мекард. Дар вилоятхои шарки аз даврадои кадим зардуштия пахн шуда, дар нимаи аввали асри 1 м.ъелоди, аз замони онро дастгии кардани шохони Порт мавкеаш мустадкам шуд. Мувофики баъзе маълумотхо, дар замони хукмронии Вологези I ба як мачмуа гирд овардани «Авесто» cap шуд. Дар Порт баланд гардидани макоми зардуштия минбаъд барои дар давраи Сосониён ба дини давлати табдил ёфтани он заминаи мусоид фарохам овард. Оид ба таъ­рихи Порт манбаъхои хатти хело каманд ва аз ин ру барои муайян намудани хаёти иктисодию ичтимои ва сиёсии Порт бозёфтхои археологи ахамияти махсус пайдо мекунанд. Алхол архсологхо димнахои зиёди шахрхои кадимаи Порт (Дура-Ёвропос, Хатра, Ссловкия, Ошур, Шуш, Кухи Хочо)-ро тадкик карданд. Дар Туркманистони Чануби, ки ви­лоятхои кадимаи Порт ва Маргиён вокеъ гашта буданд, ёдгорихои зиёд ёфт шуданд. Архсологхо совети дар Нисо бокимондахои кушк, маъбад ва хазинаи шод, инчунин осори пурарзиши санъат, бокимондахои олоти рузгор, ярок ва архиви шо­хони Порт садхо хуччатхои дар руи сафолпорахо сабтшуда ёфтанд.

Ад.: Массон М. Е., Народы и об­ласти южной части Туркменистана в составе парфянского государства, «Тр. ЮТАКЭ», т. 5, Ашхабад, 1955; Дьяко­нов И. М., Лившиц В. А., докумен­ты иэ Нисы: 1 в. до н. в. Предваритель­ные итоги работы, М., 1.960; Дьяко­нов М. М., Очерк истории древнего Ирана, М., 1961; Кошеле н к о Г. А., Культура Парфии, М., 1966; Б о к щ а п и н А. Г., Пшрфия и Рим, ч. 1—2, М., I960—66; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М.. 1972; Фрай Р., Наследие Ирана, М., 1972.

И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …