Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Системаи кухи Нанишан

Системаи кухи Нанишан

Нанишан Тсиляншан, с и с т е м а и кухи дар Осиёи Маркази, дар Хитой. Аз Шимолу Шарк бо хамии Тсайдам ва аз Чанубу Гарб бо биёбони Ала- шан хамхудуд аст. Тулаш кариб 800 км, бараш то 320 км. Аз якчанд Каторкуххо иборат буда, онхоро водихои васеъ аз хам чудо кардаанд. Катрокуххои асосиаш: Тсиляншан, Таоайшан, Сулэваншан. Чои аз хама баландаш 6346 м. Нанишан асосан аз вараксангхои кристаллию гилии па­леозой ва регсангу охаксангхои ме­зозой таркиб ёфтааст. Дар аксари мавзеъхои охаксангдор релефи карсти дида мешавад. Нанишан кариб 1000 пирях дорад, ки кисми зиёди онхо дар нишебихои шимоли чо гирифтаанд. Дарёхои калони ин чо: Сулэхэ, Жошуй, Бухин-Гол. Ландшафти кисми гарбии Нанишан то баландии 3000 м. биёбони ва даштхои хушк, болотар аз он маргзору тундраи кухи, аз 4000 м болотар минтакаи пиряххо ва барфхои доимист. Ландшафти кисми шаркиаш дашти ва бешадашти бу­да, то баландии 3000 м чо – чо бешахои дарахтони карагай ва гайра меруянд. Нанишан конхои маъдани охан ва по- лиметалли дорад. Нанишанро дар охири асри 19 асосан тадкикотчиёни рус Нанишан М. Пржевалский, Г. Н. Потанин, Г. Е. Грумм-Гржимайло ва В. А. Обручев тадкик кардаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …