Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Силсилаи кухии УРАЛ

Силсилаи кухии УРАЛ

УРАЛ, силсилаи кухист дар сархади Европа ва Осиё. Ба самти арз аз сохилхои бахри Кара то шахри Орск кашол ёфтааст. Тулаш зиёда аз 2000 км, бараш аз 40 то 150 км. Урал аз бахшгохи асоси ва якчанд каторкуххои пахлуи иборат аст, ки онхоро пастихои фарох аз хам чудо кардаанд. Ба Урали Кутби, Урали Наздикутбий, Урали Шимоли, Урали Миёна ва Урали Чануби таксим мешавад. Нуктаи баландтарини Урал —кухи Народная (1895 м).

ural-kiuh

Як кисми дарёхои Урал (Печора бо шохобаш Усой, Тобол, Исет, Туря ва гайра) ба укёнуси Яхбастаи Шимоли ва кисми дигарашон (Кама бо шохобхояш Чусовой ва Белая, дарёи Урал) ба бахри Каспий чори мешаванд. Кулхо бисёранд (Таватуй, Аргази ва гайра). Кисми шимоли Уралро асосан бешахои коч ва ножу, чанубтари онро бешахои санавбару чалгуза (дар шарк) ва бешахои пахнбарг (дар гарб) фаро гирифтаанд. Урали Чануби дар минтакаи бешадашт ва дашт (кисми зиёдаш заминхои корам) вокеъ гаштааст. Дар худуди Урал мамнуъгоххои Печораю Илич, Висим, Илмен, Бошкирдистон мавчуданд. Конхои маъдани охан, мис, хромит, никел, намакхои калий, асбест, сангхои киматбахо, ангишт, нефт ва гайра дорад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …