Маълумоти охирин
Главная / Илм / Сайёраи Нептун

Сайёраи Нептун

Нептун, сайёраи хаштум (аз руи масофа то Офтоб) ва нисбатан кало­ни    систсмаи Офтоб; аломати астрономиаш ё худ. Ба чашми одди намоён нест. Аз Офтоб ба хисоби миёна дар масофаи 30,06 в. а. (4500 млн км) вокеъ аст. Экстсентриситети мадори Нептун 0,0086 буда, хамвории мадораш ба хамвории эклиптика ба андозаи 1°46,4′ моил аст. Нептун бо суръати миёнаи 5,4 км/сон харакат кар­да, дар давоми 164,79 сол як маротиба атрофи Офтобро пурра давр ме- занад. Диаметри Нептун ба 49500 км (аз диаметри Замин 3,88 маротиба калон), массааш ба 1,03 1028 кг (17,28 массаи Замин) ва зичии миёнааш ба 1,84 г/см3 баробар аст. Суръати дуюми кайхони (ниг. Суръатхои кайхони) дар сатхи сайёра ба 23 км/сон баробар аст.

Даври гардиши Нептун дар атрофи мехвари худ 15,8 соат буда, хамвории экватори он бо хамвори мадораш кунчи 29°-ро ташкил ме- дихад. Нептун ду радиф дорад: Тритон (соли 1846 астрономи англис У. Лассел кашф кардааст, диаметраш 4000 км) ва Нереида (соли 1949 астрономи америкои П. Койпер кашф кардааст, ди­аметраш 300 км). Дар атмосфераи Нептун мавчудияти гидрогени молекулави (Н2) ва метан (СН4) аник шудааст, аммо тахмин мекунанд, ки кисми зиёди атмосфера ва кишри сайёраро гелий (Не) ташкил медихад. Харорати миёнаи сатхи Нептун ба —220° С баробар аст. Нептунро аввалин бор аст­рономи немис И. Галле (дар асоси пешгуии назаршиявии астрономи анг­лис Ч. Адамс ва астрономи франсави У. Левере) 23 сентябри 1846 мушохида кардааст. Мавкеи сайёра аз хисобу китоби пешаки хамаги 52′ фарк мекард.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …