Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ТУЛА

Шахри ТУЛА

ТУЛА, шахри кахрамон, маркази вилояти Тулаи РСФСР, дар сохили дарёи Упа (шохоби Ока). Узели рохи охан ва роххои автомобилгард. Ахолиаш 529 хазор нафар (1984). Тула маркази калони саноатии Иттифоки Совети аст. Сохахои асосии саноаташ: металлургияи сиёх, мошинсози ва коркарди металл (заводхои комбайн, мошинхои кон ва наклиёти, аслиха, «Штамп»— истехсоли мотороллер, самовор ва гайра), химия (асосан маснуоти резини техники тайёр мекунад), саноати сабук, хуроквори ва масолехи бинокори. Тула институтхои политехники ва педагоги техникумхои мошинсози, механики (2-то), электромесханики, коммуналию бинокори, хочагии кишлок, омузишгоххои тибби, педагоги (2-то), мусики ва мадани-маърифати, 3 театр, сирк, филармония за 3 музей дорад. Ёдгорихои меъмориаш: Кремл (1514—21) бо калисои Успенский (1762—64), калисохои Благовещения (1692), Никола Зареский (1730—34, 1770 аз нав сохта шудааст), Вознесения (1755—87) ва гайра.

tula-nochyu
Тула аз соли 1146 маълум аст. Аа соли 1503 — дар хайати давлати Москва. Дар асри 17 ба яке аз марказхои охангари табдил ёфт. Дар асри 19 дар Тула аслихасози, коркарди металл ва истехсоли самовору гармон ривоч бфт. Октябр— декабри 1941 кисмхои Армияи Совети ва сокинони Тула шахрро аз фашистони немис кахрамонона мухофизат карданд. Тула бо ордени Ленин мукофотонида шуда (1966), сазовори номи фахрии шахри кахрамон гардидааст (1976).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …