Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри САРАЕВО

Шахри САРАЕВО

САРАЕВО, шахрест дар Югославия, пойтахти Республикаи Сотсиалистии Босния ва Герсеговина. Дар хар ду сохили дарёи Миляска вокеъ аст. Ахолиаш 350 хазор нафар (1978). Узели мухими наклиёт, маркази тичорат ва саноати мамлакат. Сохахои саноаташ: мошинсози (истехсоли мотору дастгоххо, асбобхои оптики, велосипед, тачхизоти электротехники), металлургияи сиёх, электроника, хуроквори (консерви мева ва гайра), тамоку, колинбофи, бофандаги, чарму пойафзол, собунпазй, чубгари, мебел ва гайра. Кариб 1,5 хазор корхонаи хунарманди дорад.

29565314084_d3db63e0f2_o

Дар Сараево Академияи фанхо ва санъат, университет ва дигар донишкадахои оли, институтхои тадкикоти илми, китобхона, нигористони суратхо, музею театрхо мавчуданд. Киностудия дорад. Дар наздикии Сараево курорти Илича хаст. Аз осори меъмории асрхои гузашта, ки ба услуби Шарк сохта шудаанд, масчиди Хусравбек (1531), масчиди Алиподшох (1561) боки мондаанд.
Сараево хамчун шахр бори аввал дар сарчашмахои соли 1244 бо номи Врхбосна зикр ёфтааст. Соли 1435 онро туркхои усмони истило намуданд. Соли 1507 шахр Сараево ном гирифт. 28 июни 1914 дар Сараево валиахди Австро-Венгрия Франс Фердинанд кушта шуд ва ин боиси огози Чанги якуми чахони гардид.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …