Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри САЛОНИКИ

Шахри САЛОНИКИ

САЛОНИКИ, Фессалоники (Thessalonike), шахр ва бандари калонест дар Юнон, дар сохили халичи Термаикос (халичи Салоники)-и бахри Эгей. Аз руи шумораи ахоли ва ахамияти иктисоди баъди Афина дуюмин шахри Юнон аст. Ахолиаш 346 хазор нафар (1971, бо атрофи шахр 545 хазор нафар). Ба воситаи бандари Салоники гайр аз борхои Юнон, борзои давлатхои дигари нимчазирахои Балкан кашонда мешаванд.

saloniki

Дар территорияи Салоникии Калон саноати химияи нефт, металлургия, коркарди металл ва мошинсози (аз чумла электротехники, киштисози ва таъмири кишти) мавчуд аст. Салоники маркази асосии саноати бофандагии мамлакат буда, корхонахои саноати хуроквори ва тамоку низ дорад. Дар Салоники университет, музейи археологи даст. Салоникиро соли 315 то мелод шохи Макдуния Кассандр бунёд кардааст. Апрели 1941 шахрро фашистони немис истило карда буданд. Октябри 1944 онро кушунхои армияи халкии озодихохии Юнон озод намуданд. Дар Салиники хар сол ярмаркаи байналхалки гузаронда мешавад. Ёдгорихои меъмории даврахои Рими Кадим ва Византия (асрхои 4—7) боки мондаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …