Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Панч

Шахри Панч

Панч, шахр, маркази маъмурии райони Панчи вилояти Кургонтеппа. Дар сохили рости дарёи Панч, дар баландии 360 м аз сохили бахр вокеъ гаштааст. Икли­маш субтропикии хушк; харорати миёнаи январи 1° С, июл 29,2° С, боришоти солона 300 мм. Панч бо шахрхои Кургонтеппа, Кулоб ва Душанбе ба воситаи наклиёти автомобили ва хавои алокаманд аст. Масофа аз Панч то Кургонгеппа 107 км, то Кулоб 123 км, то Душанбе 206 км (ба воситаи Кургоптеппа). Ахолии шахр 6000 нафар (1976).

Ахолии Панч асосан аз точикон, инчунин узбекхо, русхо ва намояндагони миллатхои дигар иборат аст. Дар Панч заводхои пахтатозакуни, нон, сеххои канноди, лимонад, дузандаги, пункти ширкабулкуни, устохонаи таъмири мошинхои хочагии км идорахои рохсозни раками 15 ва 24, колоннаи автомобилии раками 7, ко­лонная сайёри механиконидашудаи байниколхози, базан автомобилии раками 20 ва гайра мавчуданд. Панч инчунин 2 омузишгохи техники, 2 мак­таби миёна, мактаби мусики, 2 клуб 4 китобхона, 4 кинотеатр, хонаи маданият, боги маданият ва истирохат, шуъбаи алока, комбинати хизмати маиши, 2 беморхона, поликлиника ва пункти тибби дорад.

Панч соли 1931 Сароикамар, солхои 1931— 1936 Бауманобод ва 1936—1963 Кировобод ном дошт. Санаи ташкили шахр 29 декабри 1953.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …