Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ПРЖЕВАЛСК

Шахри ПРЖЕВАЛСК

ПРЖЕВАЛСК (то 1889 ва аз 1921 то 1939 —Карокул), шахр, маркази вилояти Иссиккули РОС Киргизистон. Дар наздикии доманаи шимоли каторкухи Алатови Терскей, дар сохили дарёи Карокул вокеъ гаштааст. Аз Пржевалск то посёлкаи Пристан-Пржевалск (дар со­хили Иссиккул) 12 км. Узели роххои автомобилгард. Ахолиаш 51 хазор нафар (1978). Сохахои асосии саноаташ: хуроквори (совхоз-комбинати мевапарварию винокаши, заводдхои пиво, шир, нон), сабук (фабрикахои дузандаги ва пойафзол). 3аводхои рехтагарии механики ва электротехни­ки дорад. Масолехи бинокори мебарорад. Дар Пржевалск институти педагоги, омузишгоххои тибби ва педагоги, музейи кишваршиноси мавчуданд. Каме дуртар аз Пржевалск, дар сохили Иссиккул, кабр ва музейи Н. М. Пржевалский вокеанд. Пржевалск соли 1869 бунёд ёфтааст.

prjevalsk-city

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …