Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ПРЕТОРИЯ

Шахри ПРЕТОРИЯ

ПРЕТОРИЯ (Pretoria), пойтахти Республикаи Африкаи Чануби, маркази маъмурии музофоти Трансва­ал. Дар харду сохили дарёи Апис чойгир аст. Мохи хунуктарин — июн (кариб 10рС), гармтарин — январ (21,4°С). Боришоти солона 741 мм. Масохати шахр бо атрофаш 560 км2. Ахолиаш 572 хазор нафар (1980).

pretoria

Претория— узели мухими наклиёт, маркази саноати металлургияи сиёхи мамлакат (комбинати «Искор»). Инчунин корхонахои саноати мошинсозию коркарди металл (васли кисмхои автомобил, истехсоли велосипед ва тачхизоти электри), химия, бофандаги, хуроквори, тамоку, семент, шиша, полиграфия, устохонахои ка­лони рохи охан дорад. Дар наздикии Претория заводи феррованадий сохта шудааст. Дар атрофи шахр конхои алмос ва маъдани охан хастанд. Дар Претория идорахои хукумати (парламент дар шахри Кейптаун), банку ширкатхо, 2 университет, коллечи техники, як катор муассисахои тадкикоти илми ва чамъиятхои илми, Директорати тадкикоти хочагии кишлок, Институти Африка, Академияи фанхо ва санъати Африкаи Чануби, расадхона, боги хайвонот, музейхо, нигористони суратхо, театри опера ва гайра чойгир шудаанд.

Преторияро соли 1855 бурхо хамчун калъа бунёд нардаанд. Шахр ба шарафи ходими сиёсии бурхо — А. В. Я. Преториус (1798—1853) Претория номида шудааст. Претория аз соли 1860 пойтахти Республикаи Африкаи Чануби (номи расмии Республикаи бурхои Трансваал) аст. Аз соли 1910—пойтахти Иттифоки Африкаи Чануби ва аз 1961— пойтах­ти РАЧ.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …