Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Ошур

Шахри Ошур

Ошур шахре дар давлати Ошур (хозира димнаи Калъат-Шаргат дар Ирок). Кабатхои маскун ба хазораи 4 то милод мутаалликанд. Охири хазораи 3 — ибтидои хазораи 2 то милод Ошур шахр — давлат ва маркази калони мадани ва тичорати будааст. Аз миёнаи ха­зораи 2 то милод пойтахти давлати Ошур. Соли 614 Ошурро модхо хароб кардаанд.

Дар асрхои то милод дар хайати Порт буд. Димнаи Ошур соли 1821 кашф гардида, солхои 1845—47 онро олими англис О. Лейард тадкик кард. Солхои 1903—14 олимони немис Р. Колдевей ва Р. Андре хафриёт бурдаанд, ки дар натича иншооти мудофиави ва китобхонаи дорои катибахои хати мехи ёфт шуданд. Дар Ошур бокимондаи кушку маъбадхои Набу, Иштар, Синашамош, Ануадад боки мондаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …