Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Оренбург

Шахри Оренбург

Оренбург (аз 1938 то 1957 — Чкалов), шахр, маркази вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Дар сохили дарёи Урал вокеъ аст. Узели рохи охан Ахолиаш 459 хазор нафар (1979).

Сохахои асосии саноат: мошинсози ва коркарди ме­талл — истехсоли дастгоху асбобхо (заводхои «Металлист», «Гидропресс», асбобсози, дастгохсози), тачхизоти пармакуни ва кисмхои эхтиётии трактору комбайнхо, мошинхои саноати хуроквори, тачхизоти электро­механики ва кисмхои яхдон; хуроквори, заводхои орд, ярма, хуроки омехтаи чорво, равгани растани, комбинати гушт; сабук — фабрикахои чарму пойафзол, дузандагию трикотаж, комбинати шохибофи ва комбинатхои руймолхои тибитии машхури Оренбург.

Инчунин корхонахои таъмири механизмхо, заводхои масолехи резини, равгани нефт ва корхонахои истехсоли масолехи бинокори мавчуданд. Институтхои политехники, хочагии кишлок, тибби, педагоги, 15 мактаби миёнаи махсус, аз чумла техникумхои дастгохсози, наклиёти рохи охан ва автомобили, кооперативи ва гайра, театрхои драма, мазхакаи мусики ва лухтак, филармония, музейхои кишваршиноси ва санъати тасвири дорад. Ёдгорихои меъмориаш: мехмонхона            (1749—54), корвонсарой (1836-42).

Оренбург соли1735 хамчун калъа дар чои хозираи шахри Орск ба вучуд омада буд (дар наздикии резишгохи дарёи Ор). Соли 1743 ба чои хозирааш кучонда шуд. Дар давраи хукумати подшохи Оренбург бадаргагох хисоб мешуд. Мохи марти 1905 дар Оренбург аввалин гурухи РСДРП ташкил ёфт. Аввали марти 1917 Совети депутатхои коргарон ва солдатхо ба вучуд омад.

Шаби 15(28) ноябри 1917 хокимият дар Оренбург ба дасти атаман А. И. Дутов гузашт. 22 январи 1919 шахр аз тарафи кисмхои Ар­мияи Сурх озод карда шуд. 4 октябри 1920 дар Оренбург Съезди муассисони Советхои кишвари Киргизистон барпо гардид, ки он Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Киргизистон (холо Республикаи Советии Сотсиалистии  Киргизистон) – ро ташкил кард. Солхои 1920—25 Оренбург пойтахти Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Киргизистон, аз соли 1934 маркази вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …