Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Орел

Шахри Орел

Орел, шахр, маркази вилояти Орёли Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия . Дар хар ду сохили дарёи Ока вокеъ аст. Узели рохи охан Ахолиаш 305 хазор нафар (1979). Шахр аз 3 район иборат.

Сохахои саноаташ: мошинсози (истехсоли автогрейдер, мошинхои борбардор, тачхизоти технологи ба­рои саноати бофандаги, чарму пойафзол, шиша, хуроквори ва кисмхои эхтиети барои тракторхо), асбобсози (заводхои соатсози, мошинхои хисоббарории идоракунанда ва гайра). Инчунин заводи  прокати пулод, корхонахои истехсоли масолехи бинокори ва саноати хурокворию сабук мавчудаанд. Институти педагоги, филиалхои Ин­ститути гоибонаи умумииттифокии мошинсози ва Институти маданияти Моск­ва, 9 мактаби миёнаи махсус, театри драма ва лухтак, 4 музей, нигористони суратхо, маркази телевизион дорад.

Орел соли 1566 хамчун калъа барои хифзи сархади чануби давлати Рус бунёд ёфтааст. Аввали асри 17 яке аз марказхои шуриши дехконон (рохбараш И. И. Болотников) буд. 25 ноябр, (8 декабри) 1917 дар Орел Хокимияти Совети баркарор гардид. 13 октябри 1919 Орелро кушунхои Деникин ишгол намуданд, вале 20 октябри 1919 Армияи Сурх онхоро аз шахр берун кард. 3 октябри 1941 Орелро фашистони немис забт карданд. 5 августи 1943 хангоми мухорибаи Орёлу Курск шахр аз немисхо озод карда шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …