Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Орехово-Зуево

Шахри Орехово-Зуево

Орехово-Зуево, шахрест дар вилояти Москваи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, дар сохили дарёи Клязма (шохоби Ока). Узели рохи охан. Ахолиаш 132 хазор нафар (1979). Орехово-Зуево яке аз кадимтарин марказхои саноати матоъхои пахтагин мебошад. Саноати мошинсози, химия ва истехсоли масолехи бннокори низ ривоч ёфтааст. Институти педагоги, 4 техникум, 2 омузишгох, театри драма, музеи таърихи револютсия дорад.

Шахр дар миёнахои асри19 дар на­тирчаи муттахид шудани корхонахои калони капиталисти дар махалхои ахолинишини Зуево, Николское, Орехово, Дубровка ба вучуд омадааст. Аз соли 1917 Орехово-Зуево меноманд. Аввалин корпартоии коргарон дар Орехово-Зуево соли 1863 ба вукуъ омадааст. Корпартоии Морозов (1885) калонтарин корпартои дар Россия буд. Нахустин кружоки сотсиал-демокрахоро соли 1892 Н. Е. Федосеев ташкил кард. Коргарони Орехово-Зуево иштирокчии фаъолп Револютсияи 1905—07 буданд. Октябри 1905 Совети депутатхои корга­рон ташкил ёфт. Хокимияти Совети 25 октябри (7 ноябри) 1917 барпо гардид.

Шахр соли 1970 бо ордени Револютсияи Октябр мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …